Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Қаблан мавъизаҳои ин марди фақид маро ба худ кашида буданду хеле ба қиблагоҳиам шабоҳат доштанд, ихлоси беҳамтоеро нисбати ин пири хирад қоил будам. Ҳатто баъди як барномаи ҳар ҳафтаии "Насиҳат гӯш кун ҷоно", ки муҷаввир ва барандаи бевоситааш худи Калонзода буданд, ман мактубе ба унвони он кас навишта будам. Ҳамзамон аз мушкилоти худ дар мактуб оварда, аз домулло тавассути ин нома дуо хоста будам. Аммо дар асл ман домуллоро дар сӯҳбати зинда боре ҳам надида будам. Дар дил орзу доштам, ки ақаллан як бор аз наздик бо ин марди Худо сӯҳбате кунам ва аз гуфтаҳои беғаразонаву пурасрори Калонзода ба худ чизе бигирам.

Бо иҷозати шавҳарам раҳ сӯи Хуҷанд гирифтам. Рост ба масҷиди Шайх Муслиҳиддин рафтам. Онҷо устод Калонзодаро ҷӯё шудам. Ходимини масҷид гуфтанд, ки ба утоқи кории имом-хатиб домулло Муслиҳиддин Мукаррамзода равам ва аз он кас пурсам.

Ба дафтари кории мулло Муслиҳиддин ворид шудаму домуллоро айнак дар чашм болои китобе дарёфтам. Баъд аз салому аҳволҷӯй маҳзи омадан ва сабаби ташрифамро баён доштам.

Домулло Мукаррамзода баъд аз он ки қиссаи қаблии ҳаётам ва пешниҳод кардани кори кӯдакистону хобамро шуниданд, андак хомӯш монданду маслиҳати падарона доданд, ки ин корро ба ӯҳда бигирам. Зеро хоби дидаи ман аз рӯи гуфтаи мулло Муслиҳиддин марбут ба кори кӯдакистон аст, ки ба таври бояду шояд мудирияти ин кӯдакистонро пазирам. Сипас домулло Муслиҳиддин чун донистанд, ки мехоҳам ҳатман домулло Калонзодаро аёдат кунаму машварати он касро бигирам, гуфтанд, ки мулло Калонзода феълан дар хонаашон қарор доранду метавонам домуллоро аз хонаашон дарёбам.

Ҳини худоҳофизӣ сипоси хешро аз машварати холисонаи Мукаррамзода расонида, ҷониби хонаи Калонзода шитофтам.

Аз рӯи варақҷае, ки суроғаи хонаи Калонзодаро аз мулло Муслиҳиддин дар он навишта будам, ба дами дарвозаи чӯбини

пешина
аз 385
навбатӣ