Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Хуб гуфтаму хостам аз ҷой ҷаҷида бидавам сӯи посбон. Аммо бо дилкашолӣ аз оби ширин боз се-чор кафи дигар обро нӯшидаму баъд давидам. Дидам, ки он мард маро даруни марзор мунтазир аст. Баъд аз он ки расидам, мӯйсафед каландашро ба замин гузошту хитоб кард:
-Духтарам Муноҷотхон, шумо бояд ба ҳамин ҷо омада, ин ҷоро обод кунед. Ин ҷо макони тифлакони фариштасимо аст. Ҳамаи ин тифлҳо шуморо мунтазиранд,-чашмашро ба дуриҳои дур дӯхта, суханро оғоз кард.
-Э, ин ҷо ин қадар паҳнои васеъ аст, ман аз ӯҳдаи ободии ин ҷо намебароям. Ҳамаи ин кӯдаконро ман саришта карда наметавонам,-заъфи худро зоҳир карда, ба пирамард фаҳмонидам.
-Не духтарам, шумо бояд ҳатман биёед, не нагӯед, фаромӯш накунед, ки ин фармон ва хоҳиши Худованд низ ҳаст.
Дар посухи охирин мӯйсафед ман ҳеҷ чиз гуфта натавонистам. Ба вижа вақте шунидам, ки такрор ба такрор мегуфт, "фаромӯш накунед, ки хоҳиши Худованд низ ҳаст", аз таҳайюр ба забонам каломе наомад.
Ғарқи обу арақ аз хоб бо шаст хестам. Давоми хобро надидам. Баръало эҳсос кардам, ки бедораму аммо ҳанӯз овози пирамард дар гӯшам садо медод, ки мукарраран мегуфт: "фаромӯш накунед, ки хоҳиши Худованд низ ҳаст".
Дидам, ки вақти намози бомдод буд. Таҳорат гирифтаму ғарқи андешаи хоби пурасрор сари ҷонамоз истодам ва аз Худованд масъулат кардам, ки рози ин хоби пурасрорро бароям кушояд. Сари дастурхони субҳона бо аҳли оилам нишаста, аммо ёду ҳушам ба хоби дидаам банд буд. Чаро ин гуна хобро дидам? Чӣ ҳикмате доштааст? Чӣ корест, ки дар он ризогии Худованд аст? Ин саволҳои беҷавоб маро бештар аз пештар мағшуш карду торҳои асабамро таранг сохт. Имрӯз бояд ман ба маорифи шаҳр мерафтаму тасмимамро иброз медоштам. Аммо кадом қувваи номаълуме маро таҳрик кард, то роҳи сафар ба Хуҷандро бигираму пеши қозикалон Мирзоабдуллоҳи Калонзода арзи хоб ва масъалати машварат кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё