Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

-Нагӯед, бовар кунед, кас вақте ба ин ҷо меояд, ҳеҷ дилаш намекашад, ки ин ҷоро тарк гӯяд, - ӯ бо дасташ гирду атрофро ба ман нишон дода ҳарф мегуфт.

Баъдан маро даъват кард, ки аз оби дарё чанд ҷуръа нӯш кунам. Даъваташро пазируфта, даст ба об бурдам, ки оби ин дарё аз дигар дарёҳо фарқ дошт. Об аслан мулоим ва моеъ аст, аммо оби ин дарё маҳину гуворо аз обҳое, ки ман қаблан дидаам, будааст. Чунон об нармии накӯ дошт, ки даст роҳат мекард. Чанд ҷуръа нӯши ҷон кардам. Аз ҳайронӣ надонистам, ки ба Ҳамрохон чӣ гӯям. Зеро об ба ҳадде ширин буд, ки гумон мекунӣ об неву, асалчой ё шаҳду ангубин буд.

  • Ҳамрохон, ба ин дарёи бузург, аз болооб шакар мерезанд, ки ин қадр ширину гуворост? - обро нӯшида истода суол кардам.

  • Бале шакар мерезанд, аммо на аз болооб, балки..., - Ҳамрохон бо ишораи сараш осмонро нишон дод, ки маънии Худованд аз осмон шакар мерезадро дошт. - Шумо рӯятонро шӯед, мебинед чӣ хел гуворо, пӯсти рӯятон чунон зебову дилрабо мешавад, ки дар ҳеҷ ҷо чунин об нест, - илова кард Ҳамрохон.

Дар ҳақиқат рӯямро шустам, ки на собун зарур буд, на ягон упову равғани молиданӣ. Пӯсти рӯям чунон мулоиму нарм шуд, ки ҳеҷ вақт рухсораам чунин нафосат надошт. Ман гоҳ об менӯшидам, гоҳ рӯямро мешустам, гоҳ бо Ҳамрохон радду бадали калом мекардам. Ин ҳангом овози дилнишини хандаи кӯдакони зебо ба гӯшамон чунон ширин садо медод, ки пеши қаҳ-қаҳаи беғаши ин тифлакони маъсум хониши булбул ҳеҷ буд. Аҷаб масаррату шодмонӣ маро пахш кард. Дилам аз фараҳ меболид, ки то ин вақт ман аз ин зиёдтар гувороиеро дар худ эҳсос накарда будам.

Аз даруни марғзор садои марди посбони нурониро шунидам, ки маро фарёд дошт. Аз садояш пайдо кардам, ки гуфтании зарурӣ доштаасту бояд биравам. Бо Ҳамрохон самимона худоҳофизӣ кардаму ваъда додам, ки боз бармегардам. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз баргаштани ман барвақт асту аз паи супориши посбони нуронӣ шавам.

пешина
аз 385
навбатӣ