Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
дида будам, шабоҳат дошт. Ҳа, ҳа, ба ёдам омад. Вақте бо ҳамроҳии Парпиеву Рустамов ба кӯдакистони фарсудаи №31 рафтем, он ҷо пирамарди посбонеро дида будам, айнан ба ин марди нуронӣ монанд дошт. Бале, ба он посбони мӯйсафед чун себи дукафон монанд буд.
Баъд аз радду бадали чанд ҳарф ӯ маро ба поёнтари марзор раҳнамой кард. Пурсидам, ки он ҷо куҷост? Ӯ посухам дод, ки гӯё поёнтар аз марзор дарёи ширину гуворо ва зулоле ҷорӣ аст. Сарамро бо ишораи итоат ва бо эҳтиром даст пеши бар гирифтаму поёнтар шитофтам. Дар ҳақиқат аз марзор ба поён зинапояи дарозе буд, ки охири зинапоя дарёи шӯхравтору оби зулоле дошт. Ду тарафи зинапоя ин қадар гулу гулбуттаҳои зебову дилкаш буд, ки бо баробари дидан нури чашм афзуда, ба кас ҳаловати дигар мебахшид. Пирамард даруни марзор монд. Ба соҳили дарё расидаму дидам, ки кӯдакони фариштасурату зебо даруни он оббозӣ доранд. Аз чеҳраи кӯдакон пайхас кардан мушкил набуд, ки аз оилаҳои хеле бонуфуз буданд. Зеро мӯйҳои ҷилодори зебо, пешониҳои фарох ва симои дилкашу гуворое доштанд. Болотар аз он занони бисёреро дидам, ки байнаш як зани ошночеҳрае ба чашмам намудор шуд. Ин зан сарашро мешусту мӯи қиргуни зебояшро бо шонаи чӯбини шабоҳат ба шонаи модарам шона мезад. Ин занро ман шинохтам. Ин ҳамон хоҳарбузурги Башорат Раҳимова Ҳамрохон буд, ки чанд сол қабл аз касалии саратон фавтида, тифли ширмаку кӯдакони ноболиғашро ятим карда аз дори фано рафта буд. Зани ҳалиму меҳрубоне буд. Хеле муносибати хубу меҳрубонии хоҳаронае доштем. Ҳайрон шудам, ки ӯ тозон ба пешвозам омад ва саломам дод. Аз пештара бештар зебову дилкаш шуда буд. Ин ҳангом ҳатто фаромӯш кардам, ки ӯ соле чанд дунёи фониро падруд гуфтааст.
- Шумо куҷо будед? Мо шуморо гум кардем, ана дар куҷо будаед,- бо илтифот аз ӯ пурсон шудам. - Ҷои зебову дилкашро ёфта моро фаромӯш кардед-да,- бо лаҳни ширини ҳазломез барояш хитоб кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё