Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
калоне таваққуф кардам, ки ранги осмонӣ дошт. Аммо ранги дарвоза андак аз таъсири нури офтоб коҳида, ҷо-ҷо мисли қаноти пашша хеста ба чашм мерасид. Аз дили дарвоза ба андозаи як қади марди қоматдор даричаи дигаре буд. Даричаро тела кардам, аммо аз дарун баста буд. Дидам, ки дар паҳлӯи дарвоза тугмачае намудор аст, онро пахш кардам. Андак истодам, хостам бори дигар пахш кунам. Ангуштамро бори дуввум болои тугмача бурданӣ будам, ки садои шарфаи пой аз даруни ҳавлӣ шунида шуд. Дастамро қафо гирифтам. Овози сулфаи кӯтоҳи зани шарқии муслимае ба гӯшам расид, ки ин сулфаи кӯтоҳ одоби занҳои муслимаву солеҳа ҳангоми даркушоӣ будааст. Зеро дар аҳди қадим вақте дарро зане кушоданӣ шавад, бояд пеш аз он сулфаи кӯтоҳе кунад, чунки агар меҳмон ҷинси мард бошад, бояд донад, ки даруни ҳавлӣ зан аст ва худро тибқи суннатҳои исломӣ андак дуртар бигирад.
Дидам, ки як ҷавонзани зеборӯй ва сабзинаи нуронии сару либоси миллипӯше дарро во кард ва бо эҳтироми хос бароям салом гуфт. Мақсади ташрифи худро ба ӯ кӯтоҳ баён кардам, ки бояд домулло Калонзодаро зиёрат кунам ва бо талаби дуои он кас омадаам. Ҷавонзан бо хушсуханӣ ва чеҳраи малеҳаш маро даруни ҳавлӣ хонд ва то ба утоқи Калонзода раҳнамоӣ кард. Аз дарвоза даромадаму дидам, ки ҳавлии на он қадар калон, бе такаллуфу карру фарр, аммо содаву тозаву озода буд. Ба тарафи дари рост маро таклифи даромадан кард. Ин ҷавонзан арӯси хонадон будааст. Аз дар ворид шудаму дидам, ки долони зебову дилкаш ва сипас даре ба чашмам расид.
Дарро ҷавонзан боз кард ва ба ҳузури домулло омадани маро ба даруни хона мужда дод. Баъди гирифтани иҷозат ба утоқи мулло Калонзода ворид шудам. Утоқи мулло Калонзода барҳаво буд. Дар рӯ ба рӯ рахти хоб буду, аз тарафи чапи рахти хоб як ҷевони калони шишадор, ки дарунаш пур аз китоб буд, диққати маро ба худ кашид. Дар поёнтари утоқ телевизор истода буд. Дар миёнҷои хона мизу пиромуни он ду курсӣ гузошта шуда, дар муқобили он як курсии дигар дар шафати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё