Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Тобистони гарми тамузи соли 1995 ҳам сипарӣ шуд. Ин беҳтарин тобистони умрам буд. Зеро баъди чандин солҳои афту хезу зарбу лати рӯҳӣ аввалин тобистони зебое буд, ки дар оғӯши меҳри фарзандонам сипарӣ мекардам. Онҳо бори аввал маро фориғ медиданду ҳар замон "Ояҷон дигар ҳеҷ ҷо наравед, бо мо монед" мегуфтанд. Ман низ ба онҳо ваъда кардам, ки дигар ҳеҷ ҷо кор намекунаму бо онҳо вақти зиёди худро мегузаронам. Аз ростӣ асаби хаставу рӯҳи шикастаам хеле таскин ёфт. Бори аввал дарк кардам, ки аҷаб лаззате доштааст, дар канори наздикону меҳрпайвандон будан.

Тирамоҳи зарнисори 1995 низ фаро расид. Ҳавои шаҳр бӯи харбузаву тарбуз, себу биҳӣ, шафтолуву дигар анвои меваҷоти ин фаслро ба машоми кас расонида, илҳоми наве меовард. Субҳ аз хоб бо қувваи нав хестам. Тасмим гирифтам, ки ба аёдати яке аз дугонаҳоям ба Хуҷанд равам. Бо шавҳарам машварат карда, ризояти ӯро гирифтам ва ба маркази вилоят раҳсипор шудам.

Хуллас ба меҳмонӣ омадам ва то нисфирӯз дар хонаи дугонаам мондам. Яке ба хотирам расид, ки пеш аз рафтан бояд Анвар Ҷалилов, ки ҳаққи устодӣ дорад, ӯро аёдат кунам.

Дар дафтари кориаш ӯро ғарқи кор дарёфтам. Пас аз ҳолпурсӣ ӯ аз кори ман ҷӯё шуд. Баён кардам, ки аз кори тарбияву таълим, умуман аз соҳаи маориф дур шудаам. Танҳо дастури таълимиву тарбиявии "Нури одамият"-ро ба чоп омода карда истодаам, дигар ҳеҷ чиз. Мудири маориф бо таассуф сар ҷунбонду:

  • Ҳайфам меояд, ба касе корро метавонад, чаро имкони кор карданро намедиҳанд? - чашмашро ба як нуқта дӯхта, суол пеш овард.

Ман низ хомӯш ҳеҷ чиз нагуфтаму чашмамро ба як нуқтаи мубҳам дӯхтам. Пас аз хомӯшии тӯлонӣ Ҷалилов пешниҳод кард, ки ба қабули раиси вилоят Абдуҷалил Ҳомидов дароям. Ҳамзамон ӯ ба ман кай ва чӣ вақт фурсати холигии раиси вилоятро гуфт. Баъди радду бадали чанд сухани дигар, худоҳофизӣ кардему аз идораи маорифи вилоят бадар рафтам.

пешина
аз 385
навбатӣ