Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Бегоҳӣ ба хона расидаму суханҳои Ҷалилов дар гӯшам ҷарангос зад. Ба худ андешидам, ки бояд навиштаҳоямро дар амал татбиқ кунам. Агар ин корро ба роҳ монда натиҷаи корро ба иддаи кӯрдилон нишон надиҳам, касе аз уҳдаи ин кор намебарояд. Ин матлаб хеле маро андармон кард. Баъди андешаи зиёду таҳлилҳои хештан тасмим гирифтам, ки ҳар чӣ бодо бод. Ба қабули раиси вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Абдуҷалил Ҳомидов арзамро баён медорам.
Баъди даҳ рӯзи расо, даҳаи охири моҳи сентябри соли 1995 қарибии шом ба Хуҷанд расидам. Шабро дар хонаи дугонаам рӯз кардаму ба қабули раиси вилоят субҳи барвақт соати 5:00 аз хона баромадам. Ҳавои чунон сербориш буд, ки гӯё аз осмон ба ҷои қатра шалдарос задан об мефаромад. Кафи асфалти роҳ сип-сиёҳ чунон тозаву зебо шуда буд, ки гӯё касе шуста бошад. Шаби дароз, ки ғарқи хаёл ҳатто хобро фаромӯш карда будам, ин саҳари бороний низ бо худ гирифтани чатрро аз хотир баровардам. Чун медонистам, ки раиси вилоят субҳи барвақт ҳатто аз соати 3-4-и субҳ ба кораш дар ситоди гардиши шаҳри Чкалов будааш оғоз мебахшидааст. Ба маршрутка нишастаму ба шафати ситоди вилоят хоҳиш кардам, ки манъ кунад. Ҳамин тавр соат қариб 6-и субҳ буд. Аз истгоҳ то ситод расидан аз касрати борони зиёд шип-шилт тар шудам. Тамоми сару либосам гӯё ба об ғарқ шуда бошам, тар шуд. Аз ҳар тори мӯям низ об мечакид. Тахмин баъди бист дақиқа дар зери дарахте истоданам ёвари раиси вилоят тасодуфан ба берун баромад. Ӯ аз ман сабаби ин қадар субҳи барвақт ба ҳукумат омаданамро пурсон шуд. Арз доштам, ки сокини шаҳри Исфарааму бояд ба қабули раиси вилоят дароям.
- Ин субҳи барвақт, амри маҳол аст, ки раис касеро қабул кунанд, зеро то ин вақт ягон бор иттифоқ наафтода буд, ки раис нафареро аз соати 9:00 пештар қабул карда бошанд, - бо лаҳни мулоим ёвари раис фаҳмонид.
Аммо ман исрору хоҳиш кардам, то ба раис расонад, ки як зан аз шаҳри Исфара ба қабули эшон омадааст. Ёвар ҳам чеҳраи ошуфтаи маро диду:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё