Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

тоифа боз ҳамон ғаразашонро идома дода истодаанд. Намедонам бо онҳо чӣ кор кунам, - Ҷалилов бо ғазаб аз ҷояш хесту назди тиреза рафт ва пушташро ба ман гардонида, ба тарафи кӯча нигоҳ кард. Андак аз миён гузашта буд, ки якбора:

  • Як сол қабл ман фармони шуморо бароварда будам, ки тибқи он фармон бояд шумо ҳамчун методисти маорифи ноҳия кор мекардед, инҳо фармонро пинҳон карда, на ба шумо нишон додаанд, на ба ман гузориш додаанд, ки шумо сари кор нестед, ана разолат дар куҷост, - бо тамоми вуҷудаш ба унвони масъулини ноҳия сухани қабоҳатеро пастакак гуфт, ки ман аниқ нафаҳмидам ӯ чӣ гуфт. Аммо маълум буд, ки аз кори масъулин сахт дар хашм аст. Зеро фармонро худи Диброва бо дасти худаш гирифта будааст.

Он дам фаҳмидам, ки фармон ғайб задааст. Хулоса кардам, ки ҳанӯз оташи кинаву адовати Диброваю ҳаммаслаконаш паст нашудааст. Разолат то ба ҳамин дараҷа аст, ки ҳатто фармони мудири идораи маорифи вилоятро пинҳон кардаанд. Ҳаволашро ба Худо супоридаму чизе нагуфтам. Зеро бадии ин гурӯҳи табоҳкорро қаблан медонистам ва хеле барвақт пай бурда будам, ки аз дасти онон ҳама гуна амали ношоиставу нолоиқро интизор шудан мумкин аст.

Ин буд, ки баъди интишори китоби "Нури одамият"-ам муносибати хуби ману маорифи вилоят дар симои мудири он Анвар Ҷалилов дар пояи тафоҳуми хуби тарафайни қарор гирифт.

Бо маслиҳати Ҷалилов ба назди мудири маорифи ноҳияи Исфара барои дарёфтани ҷои кор даромадам. Аммо дархостам бидуни натиҷа анҷом ёфт. Аҷабо, танҳо барои ман ҷои коре набудааст.

Аз ин амали масъулини маорифу ҳукумати ноҳия Анвар Ҷалилов хеле андӯҳгин шуд. Ман низ дигар умеди кор кофтану андешаву ниятҳои хешро, ки дар "Нури одамият" оварда будам, дар амал татбиқ карданро надоштам. Ростӣ, дилам баъди чунин гирумон аз кор сард шуд. Салоҳ донистам, ки минбаъд дар паҳлӯи шавҳар бошаму ба корҳои ӯ кӯмак расонам.

пешина
аз 385
навбатӣ