Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ман ҳайрон шудам, ки кадом корро ӯ дар назар дорад. Ҳол он ки ман ба ҷуз кӯмак ба корхонаи шавҳарам дигар коре надоштаму дар авқоти холигиям ба кори эҷодӣ мепардохтам. Ҳайрон шуда, ба ҷои посух савол додам:
-Кадом кор? Устод, ман дар ҷое кор намекунам-ку, инро хубтар аз ман медонед,-ҳайрон шудам.

-Нафаҳмидам, шумо ба фикрам ба суоли ман мутаваҷҷеҳ нашудед, Исомаддинова,-гӯё ман ҳарфи ӯро дарк накарда бошам, ба ман итобкорона хитоб кард.
-Муаллимҷон, ман дар ягон ҷо кор намекунам охир, кадом корро мегӯед?,-бори дигар таъкид доштам.

-Чӣ шумо магар аз кори маориф ҳам рафтед,-як навъ бо оҳанги ранҷиш ба пурсиш даромад.
-Ман дар маориф ягон дақиқа ҳам кор накардаам, ё шумо шӯхӣ карда истодаед? - гумон кардам, ки Ҷалилов шӯхӣ дорад, аз ин хотир бо ваҷоҳати ҳайрониву табассум ба ӯ рӯ овардам.

-Шӯхӣ не, методисти шуморо дар назар дорам, чӣ шумо магар баъди фармон ба кори маориф нагузаштед? Ё фармони моро назаратон намегирад? - як тарз дар гуфтор ӯ хашм падид омад.
-Фармон? Кадом фармон? Ман фармонеро намедонам. Кай фармон...,- ба суолҳои пайҳам гузаштанӣ будам, ки ӯ миёни гапамро бурида:

-Магар фармони идораи маорифи вилоят оид ба ҳайси методисти маорифи шаҳри Исфара будани шуморо Диброва ба шумо нарасонид?
-Диброва...? Фармони кори ман...? -ман шуморо нафаҳмида истодаам, муаллимҷон.

Ин дам дидам, ки дар чашмони Ҷалилов оташи хашм шӯълавар шуд. Дасташро бо қаҳр рӯи миз зад. Гумон кардам, ки ягон ҳарфе гуфтаам, ки боиси нороҳатии ӯ гаштааст. Дарҳол:
-Устод, шуморо ба фикрам ранҷонидам, хоҳиш мекунам тавзеҳ диҳед, ман умуман шуморо нафаҳмидам,-бо оҳанги узрхоҳона садоямро дарк кардам, ки канда-канда мебарояд.

-Ҳеҷ гап не, Муноҷотхон, ман аз шумо наранҷидаам, ин

пешина
аз 385
навбатӣ