Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

пешам гузошт. Маълум шуд, ки воқеан дақиқкор ва ба ваъдааш устувор шахсе будааст.

  • Муаллима, дастуратонро хеле варақгардон кардам. Воқеан, дастури хубу хонданӣ, гузашта аз ин, саривақтӣ ва хеле оммафаҳму миллист. Бисёр шод шудам, дар ин ҳангом зуҳур кардани чунин дастур амри зарурист ва он аз ҷониби шумо барин нафари рӯшанфикр таълиф шудааст, - сарашро аз рӯи варақҳояш набардошта, нарм-нарм баён кард Анвар Ҷалилов. - Ҳамзамон, дастури шумо дар коллегияи маорифи вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки ҳама бо як овоз баҳои муносиб доданд.

Бо ҳамин барои чопаш ризоияти идораи маорифи вилоятро ҳам дода шуду ҳам тавсия гардид, ки барои тарбияи насли наврас басо муфид ва аз аҳамият холӣ нест. Тасдиқи ин гуфтаҳоямро дар сафҳаи аввалини китоби "Нури одамият" хоҳед дид.

Ин китобам боиси он гардид, ки идораи маорифи вилоят фармони методисти шӯъбаи маорифи шаҳри Исфара таъин кардани маро ба тасвиб расонидааст. Бояд баъди чунин ҷанҷолҳо ба ҳайси методист ба шӯъбаи маориф омада кор мекардам. Аммо аҷибии кор дар он буд, ки идораи маорифи вилоят фармони кори маро бароварда будаасту ман бехабар. Баъдан фаҳмидам, ки Людмила Диброва ин фармонро гирифта, аз ману дигарон пинҳон дошта будааст ва ба ҷои ман як нафар аз дугонааш тоҷикзанеро ба ин мақом баргузидааст.

Хонандаи азиз, мабодо гумон накунад, ки ман ин ҷо худсафедкунӣ мекунам. Барои ин гуфтаам тасдиқ низ дорам. Баъди он ки муносибати ману Анвар Ҷалилов ҳамчун устоду шогирд густариш ёфт, ҳамзамон иртиботи илмии мо низ вусъат пайдо кард.

Боре ба ҳузури А. Ҷалилов даромадам. Он кас дар бобати кор дар соҳаи маориф пурсон шуданд.

  • Корҳоятон чӣ тавр, муаллима? Ба гумонам, кори маорифи Исфара хеле вазнин, ки як бор дар бобати кор ба мо гузориш намедиҳед, - бо оҳанги гила ба гап даромад Анвар Ҷалилов.
пешина
аз 385
навбатӣ