Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Хандаамро набиёред, агар милиса кор мекард, агар прокурор назорати қонунро риоя мекард, агар суд адолати судиро ҳифз мекард, магар оташи хурди низоъҳои дохилӣ аланга мезад? Чаро ҳамин низоъҳоро дар майдонҳо хомўш накарданд?
Чаро алангаи оташро, ки имконияти хомўш карданаш буд дар Қўрғонтеппа хомўш накарданд? Чаро?
Сорбони Ҳомид ба суолҳои ҳамсари Розиқ Амон ҷавоб дода натавонист. Чӣ ҳам мегуфт ў модоме ки то андозае ҳақ ба ҷониби Гулбарги Одина буд.
– Ана дидед, – хомўшии корманди милисаро дараҷаи шикасти ў пиндошта ба ҳуҷум гузашт зан. – Шояд дар ин ҷо, дар шаҳр он шабу рўз каме ҳам қонун ҷорӣ буд, вале дар кўҳистон дар он ҷойе, ки ман зиндагӣ доштам то раиси ноҳия ҳама дастҳо пеши бар дар хизмати силоҳбадастон буданд. Акнун ҳама дар сина зада ман мегўянд, он вақтҳо маҳз ҳамин ман мегуфтагиҳо, ҳамонҳое, ки як умр нону намаки давлатро хўрда буданд, ба рўяшон пўсти хук кашида дар хизмати силоҳбадастон буданд ва чун ҳукумат пойдор гашт боз пўсти дигаре ба рўяшон кашида ба хизмати халқу Ватан баргаштанд, боз соҳибмансаб шуданд. Рост гуфтаанд, ки табаддулотҳои калон сармоядорони бузургро ба майдон меорад ва заррае дар ин суханон муболиға нест. Бигирем ҳамин худозадаи шавҳари маро.
Ў кӣ буд? Як дукондор, дурустараш як фурўшандаи оқи падар ва ба замми ҳамаи ҷиноятҳои содиркардааш бубин ў кӣ шуд?
Худо худ довари бузург аст ва чун вақту соаташ омад ҷазояш бидод. Афсўс, ки ў яку якбора ҷон ба ҷаббор супурд, вагарна ман дар дами марг ўро бо ханда мекуштам. Оҳ, чӣ қадар механдидам. Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки ў ҷазои хеш бигирифт…
– Рафтори шумо то ҳанўз барои ман муаммост. Ман ҳеҷ фаҳмида натавониста истодаам, ки чӣ тавр шахс метавонад бо қотили падару бародаронаш ихтиёран сар ба як болин гузорад.
– Гумон доред, ки ман ягон чора наандешидам.
– Ман то кунун ягон рафтори фаъолонаи шуморо надида истодаам.
– Ана ҳамин ҷо шумо хатто мекунед. Ҳар як қадами ў дар зери назорати ман буд. Соле пештар ман аз як ҳодисаи пасипардагии ў огоҳ гаштам ва ҳамин сирро ба нафаре ошкор сохтам, чунки медонистам, ў хабаркаши милиса аст. Баъди ҳамон ҳодиса ў маҷбур шуд, ки қасри сохтаи хешро дар маҳаллаи Зарафшон ба маблағи дусад ҳазор доллар бифурўшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё