Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, ман ўро дар оғўши хеш дида нафратам меомад, вале маро мақсаду маром дигар буд. Баъди ду рўзи арўсӣ ман ба ў хиёнат кардам ва ба қавле ба сараш шох мондам… Афсўс, ки қотил ҳамин тарафи масъаларо ба инобат нагирифт, – боз оҳ кашида гуфт ҷавонзан.
Сорбони Ҳомид дуруст дарк кард, ки Гулбарг киро дар назар дорад.
– Агар хатто накунам шумо муҳофизро дар назар доред.
– Ҳа, худи худашро. Мо борҳо дар оғўши ҳамдигар будем ва баъзан Маҷнун (муҳофизро чунин ном буд) мегуфт, ки Гулбарг ба фикрам шохҳои эшон аз шохҳои гавазн ҳам калонтар шудагӣ…
– Умуман ў худатро нашинохт.
– Афсўс, ки не. Агар рафту ман дар дами марг ҳам ўро дармеёфтам, номи аслии хеш ба ў мегуфтам. Ман бисёр мехостам ўро бечораю музтар бубинам, дар дами ҷон канданаш асрори ниҳони хеш ба ў бикушоям, сад афсўс, ки қотил маро аз чунин имконият маҳрум сохт. Сад афсўс…
– Оё ў аз асрори ҳамсару муҳофизаш хабар надошт?
– Не, чунки ўро на як, балки ду муҳофиз буд ва рўзҳое, ки Маҷнун аз кор фориғ буд, нисфи бистари бандаро гарм мекард.
– Дар ҳамин ҷо?
– Чӣ фарқ дорад.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро шумо Розиқ Амонро барои ҷиноятҳои содиркардааш ба маҳкама накашидед?
– Чӣ магар мо ўро сари ҷиноят дастгир карда будем, дар марги падару бародарони кўчакам мо ҳамин хел тахминӣ аз ў домангир будем. Далели рўйирост барои исботи гуноҳи ў надоштем. Дар марги Фотеҳ бошад ў ҳатто даст назад, ҳамааш бо амри ў буд, вале худаш даст нарасонд.
Ба замми ин ҳама ваҳдати миллию авфҳо ўро пуштибон шуданд. Нисбат ба таҷовуз ба номуси ман бошад дигар ҷойи гап ҳам набуд, чунки дар он шабу рўз қонун дар дасти ҳамин худозадаҳо буд. Ҳама дар ғами ҷони хеш буданд, милисааш ҳам, прокурору судаш ҳам ва киро парвои Садорати Ҷумъа буд. Розиқ Амон худаш ҳам суд буду ҳам прокурор ва умуман «патриоти ватан».
– Ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам. Милиса дар ҳамон даврҳо ҳам кор мекард, – гуфт Сорбони Ҳомид.

пешина
аз 558
навбатӣ