Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Он кас ному суроғаи шуморо медонад.
– Не.
– Набошад шумо ҳам ҳар чӣ буд фаромўш намоед.
– Хуб шудааст.
– Шарти дуюм ин ки…
– Чӣ буд, гап занед?
– Маро ҳам фаромўш созед.
– Инаш барои чӣ?
– Барои бехатари худи шумо, хоҳари азиз.
– Пас он аризаву нишондоди ман чӣ мешавад?
– Бо амри шумо ман худи ҳозир онҳоро сўхта хокистар мекунам.
– Илоҳо барака ёбед акаҷон.
– Дар амони Худо бошед, чун тўй шудед моро ҳам фаромўш насозед.
– Ҳоло гуфтед, ки маро ҳам фаромўш созед.
– Бигузор гуфти шумо шавад, – гўён Ҳотам Илёс гўшакро ба ҷояш гузошт.
Ў он аризаву нишондоди духтараки ҷабрдидаро насўхт.
Фиттаи овозашро ҳам ба мақсади рўзи мабодо нигоҳ дошт. Акнун вақти он расидааст, ки ҳамаи онҳоро нест намояд. Вале дар ин нисфи шаб ин кор ҳам ғайри имкон буд. Дар ин як сол ў боз ҳар моҳ аз Розиқ Амон ба маблағи сесад доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ гирифт. Сабаби ҳамаи ин талаби хешро бар он асоснок кард, ки на вазир ва на прокурор ўро дар он саду панҷоҳ ҳазор шарик нагирифтанд. Як сол боз Розиқ Амон коми ўро низ ҳармоҳа ширин кард ва ба қавле забонашро баст. Чун ў ёрдампулии моҳи ноябрашро талаб кард Розиқ Амон рўйи рост гуфт, ки ман дигар назди шумо уҳдадорие надорам. Бубин, ў баҳри аз ҷазо гурехтан саду панҷоҳ ҳазор долларро қурбон кард, вале бо як сухан ҳаёти хешро ба дасти тақдир ҳавола сохт.
Аз тақдир бошад роҳи гурез нест.
Ҳотам Илёс тариқи пулҳои ба дастовардаи муовинаш ўро аз байн бардошт ва на танҳо ўро…
Не, ў имконияти ба Насим занг задан надошт. Аз он чӣ ки тайёраҳо дар парвоз нестанд, ў боварии куллӣ ҳосил кард. Шояд ҳавои серун ба ҷисми вай таъсир кард, ки тирезаро пўшид.
Афсўс бар он хўрд, ки яку якбора қуттии тамокуро бо худ ба ошхона наовард…

пешина
аз 558
навбатӣ