Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят ў аз ҷой бархест ва боз ба хонаи хоб даромад. Ороста (ҳамсарашро чунин ном буд) паст – паст хўрок мекашид. Ў оҳиста курпаро бардошта, худро зери он гирифт ва шабчароғро хомўш кард. Хона боз дар оғўши зулмат монд. Соат чанд бошад? Аз дил газаронд ва хост боз шабчароғро рўшан созад, вале ҳамоно аз райъаш гашт, охир дар рўшноии шабчароғ магар соатеро ки таҳташ (заминаш) сабз аст дидан мумкин аст.
Ба пеши соат хеста рафтан ва чароғи барқиро фурўзон кардан маъние надошт. Ў ҳамон хел орому ноҷунбон чашмонашро пўшид…
– Амак!
– Ҳа ман.
– Омадам, ки ба шумо ташаккур гўям.
– Ба кадом хотир.
– Дадом гуфтанд, ки шумо маблағи ҷарроҳии маро пардохт намудаед.
– Хуш акнун бигў ки ҷарроҳӣ чӣ хел гузашт?
– Нағз.
– Ҳоло дадоят дар куҷо?
– Намедонам ў ба назди шумо рафт.
– Не ман супориш додам, ки ў то шифо ёфтани худат ҳамроҳи ту бимонад ё ў тоҷикро намефаҳмад.
– Дадои Камол, дадои Камол…
– Ҳа, чӣ буд? – чашмонашро молида гуфт Ҳотам Илёс.
– О, хезед рўз шуд.
– Ҳа рўз шуд, – гўён Ҳотам Илёс болои бистар нимхез шуд.
Оҳ ин занҳо ҳатто ба ман имконият надод, ки бо он писарбачае, ки дасташ гирифта будам каме суҳбат намоям. Чӣ хел чеҳраи зебо. Кошки ў сиҳат шавад.
– Сари чӣ андеша дорӣ? – пурсид ҳамсараш.
– Хобе дидам.
– Хуш бошад.
– Оқибаташ бахайр шавад, – гўён Ҳотам Илёс аз бистар хест…

… 9 …

Насим танҳо баъди аз замин хестани мурғи фўлодин, ки
дар қатори дигар мусофирон Маъруф Остонро низ ба фазо бардошт, оҳи сабуке кашида, бинои фурудгоҳро тарк намуд.

пешина
аз 558
навбатӣ