Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, дар он ҷо фитаҳо, қоғазпеч бошад арзиши як фитаро надорад.
Насим дигар сухане нагуфта, қоғазпечро ба пеши пояш гузошт ва аз сандуқча фитаеро бароварда ба магнитафон монд…
– Дар фазои суруди Манижа Ҳотам Илёс ду маротиба самти ҳаракаташро дар дохили шаҳр дигар намуда, ба дасти Насим сад сомон дода гуфт, ки ба ягон ҷо даромада чорто дами беғам занад. Афсўс, ки мо маҷлис дорем ва ман дер монда истодам, – изҳори таассуф кард ва Насимро дар рў ба рўйи Боғи марказӣ фароварда, худаш ба тарафи Коҳи Ҷомӣ ҳаракат кард.
Қоғазпечро ба халтаи селофание андохта, автомашинаро дар рў ба рўйи меҳмонхонаи «Душанбе» нигоҳ дошт. Сипас, ба таксие нишаста то вокзали Роҳи оҳан омад. Ба бинои асосӣ даромада, вориди таҳхона гашт ва халтаро ба камераи автоматие гузошта, лаҳзае пас аз он ҷо берун баромад…
Чун то субҳи дигар касе ба суроғаш наомад, дилаш каме осуда шуд ва рўзи дигар дар танаффуси нисфирўзӣ ба вокзал рафта, халтаи мондаи хеш гирифт ва ба хона омад. Азбаски ҳамсараш ва фарзандонаш дар хона набуданд, ў он қоғазпеч кушод ва чашмаш ба пулҳои фиристодаи Розиқ Амон бар–хўрд.
Умуман, ў дар муддати як шабонарўз соҳиби понздаҳ бандчаи сад доллара гашта буд. Ин бори аввал набуд, ки Ҳотам Илёс ба шантаж даст мезад, вале бояд иқрор шуд, ки то кунун ўро чунин «бурди» калон ҳам насиб нагашта буд…
Ў ҳамоно бандчаҳои пулро якҷоя намуда, боз ба халта гузошт. Аз тарси он, ки мабодо зану фарзандонаш аз будани онҳо огоҳ нашаванд, ў халтаро бо худ гирифта, ба таҳхона бурд ва онро ба дохили қуттии ранги холишудае гузошта, даҳонашро маҳкам намуд ва қуттиро ба кунҷи таҳхона партофта, болояшро бо асбобҳои зиёдатии рўзгор, ки ба таҳхона фароварда буданд, пўшонд. Умуман, аз кирдори хеш каме ҳам бошад осуда шуд, чунки дигар аз муш ташвише надошт. Калиди таҳхонаро ба киса андохта, ба ҷойи кораш омад. Дар нимаи дуюми рўз ҷабрдида занг зад то бифаҳмад, ки милиса дар қавлаш устувор ҳаст ё на.
– Ман мехоҳам ба шумо ёрӣ диҳам.
– Лозим нест акаҷон.
– Фақат як шарт.
– Гўш мекунам.

пешина
аз 558
навбатӣ