Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳотам Илёс худи ҳамон рўз ба ҷойи кори Розиқ Амон ташриф овард ва ўро аз рафти воқеъаҳо огоҳ сохт.
– Рост гуфтанд, ки дузду ғар ҳама номарданд ва Розиқ Амон ҳам баъди «корнамоиҳои» ду шаб пештар доштааш назди ин ҳомии ҳуқуқ зору музтар монд ва аз ў имдод хост…
– Мардона гап занед, – гуфт Ҳотам Илёс.
– Агар шумо ҳамин корро хобонед, сад ҳазор доллар.
– Ба самъи шумо бояд расонам ин коре нест, ки бо як ман танҳо ҳал шавад. Аз ин воқеа то худи вазиру прокурори генералӣ ҳама огоҳанд, мефаҳмед?
– Чияш нофаҳмо. Набошад шумо гап занед?
– Саду панҷоҳ ҳазор ва ҳисоб намо, ки корҳо ҳама тахт.
Чӣ ҳам мегуфт Розиқ Амон он марди панҷовупанҷ сола, ки дар тарозуи вақт на танҳо ҳаёту мамоти ў, балки ҳаёту мамоти духтараке гузошта шуда, ки обурўяш рехта буд. Ба қавле милиса дуздро дар обмўрӣ дошта буд:
– Майлаш, ман розӣ, фақат қавл диҳед, ки дигар касе аз ман домангир намешавад.
– Сухани мард якто!
Мувофиқи маслиҳати пешакӣ Розиқ Амон бегоҳи рўзи дигар ба зиёрати қабристон рафт ва пули ваъдакардаашро дар ҷойи таъин намудаи ҳомии қонун, дар таги тахтасанги гўри сеюм, қатори ҳафтум аз тарафи чапи даромадгоҳ гузошт. Соате пас ҷандапўше он қоғазпеч аз қабристон берун овард… Ў ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки дар он қоғазпеч чист. Охир милиса қонунҳои кории хешро дорад ва Насим бошад дар алоқаи расмӣ бо милиса буд. Ин дар назари Насим ҳамин хел метофт, вагарна Ҳотам Илёс ўро идора карда наметавонист. Ҳар моҳ барои «кори хубаш» аз номи сардори раёсат ва ё муовини вазир, ё худи вазир ба Насим Ёдгор мукофотпулӣ дар ҳаҷми сад– саду панҷоҳ сомон медод ва ҳатто дар ведомост дастхати ўро мегирифт. Пас чӣ тавр Насим метавонист супориши Ҳотам Илёсро иҷро накунад?
Чун ҷандапўш ба автомашина нишаст Ҳотам Илёс амр кард, ки додари қиёматиаш қоғазпечро ба пеши пояш гузорад.
– Шояд ба сандуқча гузорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё