Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў аслан ба Насим ҳеҷ гоҳ аз телефони хонааш занг назадааст. Ҳарчанд ў ва Насим ба қавли худашон бародарони «қиёматианд», вале фарқ байни онҳо аз замин то осмон аст.
Дар асл кист Насим?
Насим худ як ҷинояткор аст, ки бо ёрию мадади полковник
Ҳотам Илёс борҳо аз ҷазо озод шудааст. Ҳотам Илёс ҳам медонад ба кӣ некӣ кунад. Шиори ў ҳаргиз чун шиори Ҳотами Той:

Ту некӣ мекунӣ ба Даҷла андоз,
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз…

набуд, нест ва намешавад. Фақат ҳар он чӣ ки ўро бо Ҳотами Той мепайвандад ҳамин номаш аст. Дигар ў агар як диҳад, даҳ талаб дорад ва агар даҳ, диҳад сад… Насим ҳам қадрдони ўст, ва на танҳо дар рўзи сахтӣ дасти рости «ҷанобашон» (Ҳотам Илёс дар назар аст) аст, балки то ба андозае дар кушодашавии ҷиноятҳо низ эшонро дастгирӣ мекунад. Ба таври дигар гўем Насим ин пулест, ки олами ҷиноиро бо муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ мепайвандад. Дурустараш ў хабаркаши ғайрирасмии милиса аст. Ҳотам Илёс аз ин бародари қиёматӣ ва хабаркаши ғайрирасмиаш он қадар хабарҳо гирифтааст, ки даҳҳо хабаркашҳои расмӣ қобилияти овардани чунин хабарҳоро надоранд ва агар нафаре аз хабаркашиҳои расмиаш чун Насим дар ин ҷода ҷаҳду талош намоянд, миёни хешро аз ҳафт ҷой хоҳанд шикаст.
Маҳз бо ёрии Насим, не дурустараш маҳбубааш Сарвинози Зоҳир ў соле пештар хабар ёфт, ки мудири бонки «Кишоварз»
Розиқ Амон ба номуси духтари ноболиғе таҷовуз намудааст.
Духтарак ба ягон ҷо шикоят ҳам накардааст, вале полковники милиса хабари ўро ёфт ва дар танҳоӣ тавонист аризаи ҷабрдидаро гирад. Чун ариза ва нишондоди ҷабрдида ба дасташ хурданд, зорию таваллои он паршикаста (духтари ҷабрдида) ба гўши ў асар кард…
Он духтараки бечора ҳатто бехабар монд, ки чӣ тавр ин ҳомии қонун овозашро низ ба лентаи овоз гирифтааст. Шояд дар ҳодисаи мазкур таҷовуз ба номус ҳам набуд, вале Ҳотам Илёс ҷабрдидаро маҷбур кард, ки ҳамин хел нишондод диҳад, вагарна сирри ўро дар назди падару модар ва наздиконаш фош хоҳад кард. Сипас, он духтарак, ки нав ба понздаҳ қадам ниҳода буд, дар зери нойи ин ҳомии ҳуқуқ чунон «рақс» кард, ки банкири бечораро то охири умр аз маҳбас роҳи гурез набуд.

пешина
аз 558
навбатӣ