Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бале.
– Оё гуфта метавонед, ки кай ва кӣ ин «хушхабар»–ро ба самъи шумо расонид?
– Ба фикрам соатҳои бисту як ё шояд каме дертар. Дар он лаҳзаҳо ман дар ошёнаи дуюми фурудгоҳ будам.
– Кӣ ба шумо занг зад?
– Ман аслан аз гуфтани номи он кас худдорӣ кардан мехоҳам.
– Ба кадом мақсад?
– Намехоҳам номи он касро доғдор намоям.
– Майлаш, ҳоло аз дигар самт рафти ҳодисаро дида мебароем.
– Чӣ хел аз дигар самт? – дар навбати хеш суол дод Боҳир Қаюм.
– Акнун бигӯед, ки чӣ тавр автомашинаи шумо дар кӯчаи Сулҳ пайдо шудааст? – ба суоли Боҳир Қаюм посух нагуфта, ба ҳуҷум гузашт муфаттиш.
– Гуфтам, ку соатҳои нуздаҳ Мухтор Ҳайдар маро то фурудгоҳ бурда пас гашт. Чаро вай ба кӯчаи Сулҳ рафтааст, ман намедонам.
– Тафтишот бар он ақида аст шахсе, ки қасди ҷони Мухтор Ҳайдар намудааст, нақшаи ҳаракати автомашинаро нағз медонистааст. Гӯед, ки тайи як ҳафтаи охир Мухтор Ҳайдар чанд маротиба бо автомашинаи шумо ба сайругашти шабона баромадааст?
– Эҳтимол як ё ду маротибаи дигар.
– Аниқтараш?
– Як маротиба.
– Кай?
– Шаби сеюми соли нав.
– Дар кадом соат?
– Соатҳои бисту як. Он шаб дар хона меҳмон буд ва ман ӯро барои овардани арақ фиристодам.
– Нашуд.
– Чӣ нашуд? – пурсид Боҳир Қаюм.

пешина
аз 515
навбатӣ