Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 8 …
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон Фурӯғи Шариф баъди анҷоми суҳбати хеш бо Боҳир Қаюм лаҳзае ба андеша рафт. Ҳар он чи ки Боҳир Қаюм гуфт баҳри худи муфаттиш як муаммое буд сарбаста. Субҳи имрӯз прокуратураи ноҳия санҷиши парвандаи ҷиноятиро аз рӯйи ҳодисаҳои шаби 7 ба 8 уми январ дар кӯчаи Сулҳ рухдода ба зиммаи ӯ вогузошт.
Фуруғро ин парвози озод хурсанд ҳам накард, вале чи илоҷ, ки ӯ худ ҳамин касбро интихоб намуда буд. Моҳе пештар дар рӯзи иди кормандони прокуратура ба вай унвони хизматии Ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюмро раво диданд. Не, ҳатто аз он рӯз то кунун як моҳи пурра нагузаштааст. Ҳамааш гӯё дирӯз буд.
Акнун ҳамин донишҷӯйи дирӯза, духтараки резапайкарро лозим буд, ки бо чунин наҳангҳое чун Боҳир Қаюм рӯ ба рӯ шавад. Шаби гузашта Фурӯғ қариб ки хоб накард. Борҳо чун ёвари муфаттиш ва прокурор ба ҷойи ҳодиса рафта буд, вале ҳеҷ яке аз он ҳодисаҳо чун ҳодисаи дишаба даҳшатнок набуд.
Нафаре бо гирифтани захми тир рӯйи замини сард пеши автомашинаи «Мерседес 600» ва нафаре бо гардани шикаста паҳлӯи бинои аз замони Империяи Бузург ба мерос монда. Ин ду ҷиноятро бо ҳам пайвастагие буд ё на касе намедонист, вале ба қавли майори милиса Абдумаҷидов дасти шахшули аҷал он ҳардуро дар як вақту соат дар як макон бо ҳам наздик намуда буд.
Прокурор сари субҳ таъкид намуд, ки дар ҳама ҳолат аз воситаҳои техникӣ истифода бурдан ба нафъи кор аст. Маҳз ҳамин суханони сарназоратчии қонунро ӯ ба инобат гирифту пурсиши аввалини хешро бо истифода аз диктофони «Сонӣ»
оғоз намуд.
Баъди рафтани Боҳир Қаюм, ки субҳи имрӯз ӯ худ ба прокуратура омада буд, бори дигар суҳбаташро ба ёд оварданӣ шуд, вале дар лаҳзаи охир аз райъаш гашт.
Муфаттиш лентаи сабти овози хеш ва Боҳир Қаюмро ба қафо тоб дода сипас тугмачаеро зер намуд:
– Яъне, ки шумо аз ҳодисаи дишаба дар фурудгоҳи шаҳрӣ хабар ёфтед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё