Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чун баъди пошхӯри собиқ СССР гурӯҳҳои зудамали «Алфа» дар бисёр минтақаҳо амалётҳои хешро мегузарониданд, муайян намудани он маконе, ки «РГ – 040» соҳибашро гум кардааст, низ ғайриимкон буд. Ҳатто агар ба мақомотҳои дахлдори Руссия ҳам муроҷиат намоӣ гумшавии онро ба задухурдҳо дар манотиқи Кавкази шимолӣ ё худ Чиченистон шабеҳ хоҳанд дод.
– Ман бори аввал чунин навъи таппончаро дида истодаам,
– гуфт Худойдод.
– Ман ҳам,– гуфт Алиҷон.
– Ман ҳам, – иқрор шуд майори милиса Абдумаҷидов, ки қариб мӯйи сари хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ сафед карда буд.
Яроқи мазкур ба ҳодисаи дишаба алоқае дошт ё не то кунун Абдумаҷидов намедонист, вале ба мақсади ором намудани асаби он ду ҷавоне, ки ба сифати шахси холис ҳамроҳаш буданд гуфт:
– Коршиносон ҳамаашро муайян хоҳанд кард.
Холисон эътирозе ҳам накарданд, модоме, ки милиса аз дохили қубуре, ки ҳаррӯза онҳо аз паҳлӯяш мегузаранд чунин яроқро ёфт, пас муайян намудани тағмаи он чи душворие дорад?
– Душворие надорад – нидо омад аз қалби он ду ҷавони навхат, ки қариб ним соат вақти қимати хешро ба ҷойи китобхони ба чунин кори беманфиат ё шояд боманфиат сарф намуда буданд ва боз, кӣ медонист, ки чанд муддати дигар дар назди он тудаи оҳанпораҳо меистанд.
Абдумаҷидов тариқи телефони мобилӣ ба милиса занг зада, омадани муфаттиши прокуратура ва ташхисгар – криминалистро ба ҷойи ҳодисаи дишаба талаб намуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё