Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳеҷ гап не, маънии номатон бузург,– гуфт Абдумаҷидов ва ба таҳқиқи дохили қубур пардохт. Сим дар масофаи ду – дуюним метр ба чизи сахте андармон шуда дигар пеш нарафт.
Маҳз ҳамин ҳолат таваҷҷӯҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ба қубур бештар намуд. Мисли оне, ки устоҳои оҳангарӣ деҳ ба сими шаш аҳмият медоданд, ӯ низ баъди аз дохили қубур баровардани сим таваҷҷуҳашро ба он бештар намуд. Сараввал симро дурусттар рост намуда, сипас нуги онро ба мисли шасти моҳигирӣ каме қатъ намуда, нуги қатшудаи онро бо санге, ки Худойдод аз ошёнаи якуми бино ёфта овард, болои релсҳои оҳанин хело саркӯб намуд. Чун нуги сим шакли аввалаи хешро гум кард Абдумаҷидов онро бо санги дар дасташ буда хело соиш дода, сипас аз нав онро ба дохили қубур тела дод.
Баъди ҷаҳду талошҳои зиёде дар ҳоле, ки хунукӣ ба мағзу устухонаш кора карда буд, он шасти худсохташ «моҳии тиллоеро» аз дохили қубур берун овард.
– Ин чӣ бошад? – ба латапораи бо риштаи ғафс печонидашуда, ки аз дохили қубур берун омада буд, нигариста гуфт Алиҷон.
– Ҳозир мебинем, – гӯён Абдумаҷидов бо ёрии Худойдод он ресмонро, ки қариб изе дар латапора намонда буд, кушоданд. Дар дохили латапора таппончае мавҷуд буд.
Пас аз чанд вақт ташхисгарон муайян намуданд, ки таппончаи мазкур навъи «РГ – 040» буда, дар он мармиҳои бесадои «СП –3» истифода бурда мешаванд. Аз хулосаи коршиносон бармеомад, ки бо чунин навъи яроқ гурӯҳҳои зудамали «Алфа»
муҷаҳаз гардонида шудаанд. Таппончаи мазкур бо кадом роҳҳо вориди қубур шудааст маълум набуд, вале як чиз муссалам буд, ки онро ҳангоми кадом як амалиёти бобарор ё бебарори гурӯҳи зудамале, ки зикраш дар боло рафт, аз эътибор соқит намудаанд.Таппонча аз чанд даст гузаштаву чанд роҳро паймуда буд, касе намедонист. Аз эҳтимол дур набуд, ки таппончаи мазкур ҳатто дар ягон амалёт ҳам истифода нашуда бошад. Чунин ҳодисаҳоро аз таҷрибаи кории хеш Абдумаҷидов медонист.
Ҳатто дар солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ буданд нафароне, ки дар анбори яроқҳо истода ба мухолифини ҳукумат яроқҳои овардаи худи ҳукуматро бо нархи гарон мефурӯхтанд ва сипас ҳамаро дар як амалиёте аз эътибор соқит менамуданд, чунки баъзе командирон ҳам аз чунин ҳолати кор манфиатдор буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё