Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

- Осиёб бе гард намешавад, – гуфтаи мардум ҳам ҳамин аст.
Ҳарчанд сармо ба мағзу устухонаш таъсир намуда буд, вале дарёфти чунин навъи симро, ки солиёни дароз онро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода буду имрӯз аз нав мавҷи хотираҳои деринашро лапиш дод, фоли нек шумурд. Ба шарофати ҳамин сим буд, ки ӯ муколамаи бобояшро бо устоди оҳангар ба ёд овард. Симои нуронии бобо аз нав пеши назараш гузашт, хотироти давраи бачагӣ чун лентаи кино ӯро дигарбора ба деҳи азизаш бурд. Ба деҳае, ки қуллаҳои сар ба фалаккашидааш ҳатто дар фасли тобистон ҳам барфпӯшанд.
Нияти нек ними давлат гуфтаанд. Ӯ лаҳзае болои он тӯдаи оҳанпораҳо таваққуф намуд: Рафту… Дар ҳақиқат он чи ки вай ҷӯёяш аст амалӣ шавад бояд чун бозёфти расмӣ арзёбӣ гардад.
Кӣ дидааст бозёфти расмиро бе ҳуҷҷат? Барои ҳуҷҷат намудани ҳама гуна бозёфти милиса шахси холис лозим. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳолат касе худаш дастҳо пеши бар омада намегӯяд:
– Ака, ана, ман шахси холис. Пас чӣ бояд кард?
Шахси холисро даъват бояд кард. Рафту… Суоли беҷо не, рафту агар бозёфте ҳам набошад, ҷустуҷӯи расмӣ ба қонун наздиктар аст.
– Мо бошем ҳама ғуломи қонунем,– гӯён Абдумаҷидов нияти ба тарафи роҳ рафтан кард, вале дар ҳамин асно ду ҷавоне аз сӯрохии он девори бетонӣ вориди майдончаи сохтмон шуданд, ҳарчанд мақсади ҳардуи онҳо роҳро миёнбур карда ба маҳалли хеш рафтан буд. Абдумаҷидов он ҳардуро ҷеғ зада матлаби хеш баён кард ва баҳри аз дили онҳо дур намудани ҳама гуна шубҳа шаҳодатномаи хизматиашро ҳам нишон дод ва сипас номи онҳоро пурсид:
– Алиҷони Баҳридин.
– Номи ман Худойдоди Исо. Ҷӯраҳоям маро Дод мегӯянд ва баъзан масхара ҳам мекунанд…
– Чаро масхара мекунанд, охир номатон номи хуб аст.
– Шукри Худо дар оила мо ҳашт нафарем ва номи ҳамаамон бо калимаи дод анҷом меёбад. Яъне аз Худойдод то войдод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё