Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дасташро вориди қубур намуд, вале бе натиҷа. Ниҳоят фикре ба сараш омаду аз ҷой бархест.
Баъди ҷустуҷӯйҳои на чандон зиёд, аз паҳлӯи девори бетоние, ки роҳи калонро аз он бинои сар ба афлоккашида ҷудо мекард, сими 006 милиметраеро, ки тахминан дуюмин се метр дарозӣ дошт дарёфт намуда, ба самти он тӯдаи оҳанпораҳо баргашт…
Солиёни зиёде буд, ки ӯ бо чунин навъи сим сару кор надошт, вале ба ҳама сардии зимистон нигоҳ накарда, сими дарёфтнамудааш мавҷи хаёлоти ӯро ба лапиш овард. Дар замоне, ки корхонаҳои оҳангарӣ ба ҷойи ангиштсанг аз лахча истифода мебурданд, чунин навъи сим ҳам ниҳоят камёфт буд. Мақоми чунин навъи сим баҳри устоҳои он давра аз худи ангиштсанг кам набуд. Боре ӯ ҳамроҳи бобояш (илоҳо рӯҳаш шоду манзили охираташ обод бошад) азми сафари Регак намуданд. Азобҳои он сафарро ӯ то кунун аз ёд набаровардааст. Як рӯз пеш аз сафари Регак ӯ ҳамроҳи бобояш ба корхонаи оҳангарии деҳа рафтанд. Усто як марди қоматбаланди қоқинае буд. Риши мошубиринҷи кутоҳе дошт. Баробари дидани онҳо пурсид:
– Сими шаш овардед?
– Магар бе чунин сим назди шумо меоянд? – нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт бобояш.
Усто он симҳои бурдаи бобояшро тарзе қабул кард, ки гӯё як хум тилло ёфта бошад. Симҳоро бурда ба корхона гузошт ва аз он ҷо асбобҳояшро гирифта берун омад ва маркабҳои бурдаи онҳоро наъл кард. Дар он шабу рӯз бозори устоҳои оҳангар дар ҷӯш буд, ҳама дар суроғи усто буданд, чунки аспу маркаб ягона воситаи нақлиёти ҳамон давра буданд…
Ҳар гоҳ ки ӯ ба Сағирдашт меравад дар бораи корхонаи оҳангарӣ пурсон мешавад. Не, дигар касе дар фикри корхонаҳои собиқ нест, замона дигар шудагӣ, замона.
Акнун чунин сим ҳисоб надонад. Аслан чунин навъи симро барои бо ҳам пайвастани симчубҳои барқӣ истифода мебаранд.
Дар он ҷойе, ки барқ ҳаст, албатта, чунин навъи симро ёфтан душвор нест.

пешина
аз 515
навбатӣ