Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз каме аз назди тиреза дуртар истод ва дар интиҳо ба хулосае омад, ки қотил лаҳзаи охири ҳаёташ дар лаби тиреза будааст ва дар чунин ҳолат як такони хурдакаке ҳам сабабгори ба зер рафтани вай гардидааст. Афсӯс, ки аз чунин чӯб изи ангуштонро бардоштан ғайриимкон аст ва ба замми ин криминалистикаи мо на ба он сатҳи ҷаҳонӣ пешрафта аст.
Дигар на дар ошёнаи сеюм ва на дар ошёнаҳои боло ӯ ягон нишонаеро, ки ба ҳодисаи дишаба марбут бошад наёфт.
Санҷиши ошёнаҳои дуюму якум ҳам натиҷае надод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Абдумаҷидов аз майдончаи назди он бинои шири уштурхӯрда берун нашуд. Майори милиса боз лаҳзае дар пеши он бинои ба қавле валангор рост истод ва ба атроф наззора намуд. Ҷо – ҷо плитаҳои калонҳаҷми бетонӣ ва боз тӯдаи оҳанпораҳои калонҳаҷм мавҷуд буд. Сараввал ӯ ба назди плитаҳои бетонӣ рафт ва гирду атрофи ҳамаи плитаҳои болои ҳам чидаро аз назар гузаронид…
На дар паҳлӯ ва на дар зери плитаҳои калонҳаҷм имконияти пинҳон намудани ягон чиз набуд. Хост ба ҷустуҷӯи хеш хотима бахшад, чунки ҳавои сард ба мағзу устухонаш кора карда буд, вале боз дилаш ором нагирифт. Дар кори милиса ӯ борҳо ба чунин душвориҳо рӯ ба рӯ гардида ва натиҷаи ҳамаи муваффақиятҳояш танҳо сабру тоқат буд. Сабурӣ пешаи ҳамешагии ӯ гашта буд ва ҳоло ки дилаш ҳанӯз ором нагирифта буд, наметавонист тӯдаи оҳанпораҳоро дигарбора аз назар нагузаронида аз ин мавзеъ ба якборагӣ берун равад.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бо қадамҳои устувор ба сӯи он тӯдаи оҳанпораҳо ҳаракат намуд ва бо эҳтиёт ҳар яке аз он оҳанпораҳои калонҳаҷмро мавриди ташхиси хеш қарор дод.
Дар байни он ҳама релсу оҳанпораҳои вазнин ӯ қубури оҳанини андозаи 200 милиметраро дид, ки аз барфу борон тайи ин солҳо зери занг мехобид. Ӯ аз самти рости қубур рафта, оҳанпораҳоро бо азобе ба як тараф лағжонид, вале лаҳзае пас аз давом додани меҳнати бесамар худдорӣ намуд, чунки сари қубур аз ҳамон самт бо оҳани ба вай кафшершуда маҳкам гардида буд. Абдумаҷидов ба самти чапи қубур омад ва боз ҳамон амали хешро анҷом дод. Чун роҳ ба самти чапи қубур кушода шуд, ӯ хам шуда ба дохили он нигарист, вале чун самти муқобили он маҳкам буд чизе ба назар наменамуд.

пешина
аз 515
навбатӣ