Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Баъди санҷиши қисми берунии бинои нотамом ӯ боз пой ба остонаи худи бино гузошт. Ошёнаи аввал ва дуюмро баҳри бозгашт аз боло вогузошта, санҷишро аз ошёнаи сеюм сар кард…
Аввалин чизе, ки ӯ дар яке аз иморатҳои ҳамин бино бидид, ин чӯби панҷ – шаш метраи ғафсиаш чил миллиметра буд.
Гурӯҳи фаврӣ шаби гузашта ҳам бо ҳамин чӯб рӯ ба рӯ омаданд, вале ҳеҷ кас ба гӯшаи хотир ҳам наовард, ки чӯб дар биное, ки қариб ҳама ашёҳои дохилаш ба яғмо рафтаанд чи кор мекунад. Наход ин чӯб ба касе лозим нашудааст. Абдумаҷидов ҳангоми аз назар гузаронидани майдончаи таги бинои сохтмон ба хулосае омад, ки тайи ин солҳо ҳар чи ки имконияти бурдан доштааст аз тарафи худи мардум ба яғмо рафтааст. Шаби гузашта ҳам ӯ ҳамин чӯбро дида буд, вале фикре ба сараш наомад. Дигарон ҳам нисбат ба чӯб сухане нагуфтанд. Баъди таҳлилу тараддудҳои имрӯзаи Оташак тахайюли ӯ равшантар шуда буд, ки таваҷҷӯҳаш нисбат ба он чӯб бештар гашт.
– Чи кор аст чӯберо ба бинои аз оҳану бетон қомат рост карда, рафту агар ҳамин чӯб аз аввали сохтмон мебуд, чун ҳама дигар он ашёву анҷоми вазнашон сабук кайҳо аз ин бино ба яғмо бурда мешуд.
– Ист, лаҳзае андеша намо – нидо омад аз қалбаш.
Ташхисгари тиббӣ – судӣ Сайдалои Қудрат шахси дар зери бино афтидаро аз назар гузаронида истода, аз рӯи зарбаи ҷисмонӣ гирифтааш хулосаи хеш бар он гуфт, ки маҳрум аз баландии ҳашт – даҳ метр ба поён омадааст. Ошёнаи сеюм маҳз дар чунин баландӣ қарор дорад. Агар шахси аз бино афтида, ки то кунун шахсияташ муайян карда нашудааст, дар ҳақиқат киллер бошад ва дар марги ронандаи «Мерседес 600» даст дошта бошад, дар лаҳзаи охир нафари дигаре ӯро тавассути ҳамин чӯб ба поён тела додааст. Барои ба дурустии суханони хеш бовар намудан Абдумаҷидов лаҳзае назди он тирезаи бе рамкаю бе шиша рафт ва бо ҳамон самте, ки дишаб автомашинаи «Мерседес 600» меистод, нигоҳ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё