Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гузориши муфассалатро навис мебинем, – гӯён генерал ба суҳбат нукта гузошт…
… 7 …

Аз «маҷлиси» назди Оташак ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов рост ба ҷойи ҳодисаи дишаба омад. Ӯро лозим буд, ки ҳарчи ҳам набошад, дар рушноии рӯзона боз як маротиба он мавзеъеро, ки боиси марги ду тан гашта буд, азназар гузаронад. Ҳамаи ин кӯшишу талошҳои ӯро сабаб он буд, ки мақоли халқии «кори шаб хандаи рӯзро» ҳамеша ба ёд меовард.
Шаби гузашта ӯ ҳамроҳи шогирдаш Фурўзони Нуралӣ он мавзеъро ба қавле хело «шудгор» кард, вале на ӯ ва на шогирд нишоне аз ҷиноят наёфтанд. Аслан, Фурўзон ҳамдиёри ӯ буд ва муддате чанд аз нобаробариҳои замона ҷойи кори аслии хешро тарк намуда акнун аз нав нияти ба ҷои кори аввалааш – Сағирдашт баргаштан дошт. Баъди маҷлиси назди Оташак сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Фурўзонро ҳамроҳи нозири минтақавӣ ба дигар самт фиристод ва Абдумаҷидов дилу бедилон худаш танҳо ба кӯчаи Сулҳ омад.
Ӯ аз сурохии девори бетонӣ ба майдончаи сохтмони нотамом гузашта, лаҳзае истод то бифаҳмад, ки дар атроф чист. Таги майдончаи сохтмон на камтар аз панҷсад метрии квадратиро ташкил медод. Ба ҷуз он бинои сар ба афлок кашида, ки тайи даҳсолаи охир сохтмончиён онро аз назари марҳамати хеш дур намуда буданд, ба чашми тамошобин дуюмин шуда крани борбардор мерасид, ки дар лаҳзаи охир нуги ғозмонанди хешро ба самти муқобил гардонида буд. Сояи он шабона то ба рӯйи роҳи калон мерасид, вале касеро то кунун парвои ин ду муҷассамаи даҳшат, ки шабонгоҳ дар қалби роҳгузорон доғи сиёҳ мегузошт набуд…
Ҳамчунин ҷо – ҷо плитаҳои калони бетонӣ ва тӯдаи оҳанпораҳои калон, ки бе ёрии кран онҳоро аз ҷой бардоштан ғайриимкон буд ба чашм мерасиданд. Ниҳоят ӯ аз пеши он сӯрохӣ вориди майдонча гашта, ба самти бино ба он ҷое, ки нафари дуюм афтида буд ҳаракат кард. Ба шуои беҳарорати офтоб нигоҳ накарда Абдумаҷидов дар гирду атрофи бино нақши пойи бегонаеро дидан мехост, бехабар аз он ки замин аз сардӣ чун ях сахту мустаҳкам гардида буд ва рафту автомашинае ҳам майли атрофи бино мекард ба гумон буд изи чархҳои вайро ошкор намуданд.

пешина
аз 515
навбатӣ