Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мо ҳамагӣ соате пештар дар ҳузури Воҳид Камол масъалаҳои кори дишабаро мавриди баҳс қарор додем ва ягон зарурияте барои дуюмбора гирд омадани мо набуд. Чаро шумо ба суханони Абдумаҷидов дар ҳамон ҷо эътироз накардед? Ин як соате, ки шумо вақти ҳамаи нишастагонро гирифтед, ҳатто баҳри таҳлил ҳодисаҳои дишаба сухане ба забон наовардед.
Шумо моро ба ин ҷо ба хотири он даъват намудаед, то дар лаҳзаи зарурӣ аз нишондоди мо ба манфиати хеш дифоъ намоед, вале тушбераро хом шумурдед. Ҳамаи онҳое, ки дар ин маҳфили шумо ҳузур дорем, шогирдони бевоситаи Акбар Ҳакимович ҳастем, аз ҷумла ман ҳам ҳар он чи ки дар милиса омӯхтаам аз Абдумаҷидов омӯхтаам ва ӯро устоди хеш медонам. Мо намегузорем, ки шар аз болои хайр ғалаба намояд.
– Шар гуфта киро дар назар доред? – пурсид Оташак.
– Шуморо ва акнун ман аз номи ҳамаи аҳли нишаст шуморо огоҳ мекунам, ки агар рафту аз болои майор Абдумаҷидов ба ягон ҷо арз намоед, он айбномаи худи шумо хоҳад шуд, ҳамин хел не бачаҳо?
– Ҳамин хел! – бо як овоз гуфтанд ҳама ба ҷуз Абдумаҷидов.
– Ҳамин хел бошад аз пай кор шавед, – гӯён Наврӯз Умар аз ҷой бархеста, ба тарафи дар ҳаракат кард. Дигарон ҳам аз пайи ӯ бархостанд. Абдумаҷидов охирин шахсе буд, ки аз дафтари кории Оташак берун шуд.
Оташак байни он чор девори бетонӣ танҳо монд ва боз тамоку даргиронд. Дар байни фавораи дуд ӯ нисбат ба кирдорҳои хеш хело андеша кард. Шикасти субҳгоҳии имрӯза шикасти оддӣ набуд ва ӯ фаҳмид, ки дигар бо чунин як коллективе, ки ҳатто сардори бахш худро шогирди Абдумаҷидов медонад кор кардан осон нест.
Ниҳоят баъди андешарониҳои зиёде ӯ телефонро болои мизи кориаш наздиктар овард ва чанд рақамеро дар диск чид…
– Гӯш мекунам.
– Рафиқ генерал, ман Мӯсоев аз ноҳияи Гулистон.
– Ҳа, Масрурбой чӣ гап?
– Рафиқ генерал ҳамин коллектив ба ҷонам зад, ягон илоҷ мекардеду маро ба дигар ноҳия мегузаронидед.

пешина
аз 515
навбатӣ