Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Хуб мешуд, ки боре ҳам сари ҳамин масъала андеша мекардед, ки оё ба ҳамин курсӣ сазовор ҳастед ё не?
– Курсиро ба ман шумо не, давлат додааст.
– Бо кадом нарх?
– Чиро дар назар доред?
– Албатта, курсиро на барои дониши хубатон ба шумо пешкаш намудаанд.
– Гумон доред, ки ман ҳамин курсиро харидаам?
– Он чи ки айён аст чӣ ҳоҷати баёнаш?
– Яъне, ки шумо рафиқ Абдумаҷидов, кормандони вазоратро ба ришвагирӣ айбдор карданиед?
– На ҳамаро, вале ба фикрам ҳастанд нафароне, ки виҷдону имони хешро фурӯхта, мисли худи шумо баринҳоро ба сари қудрат меоранд.
– Рафиқон, шумо ҳама шоҳид, дидед, ки Абдумаҷидов то ба куҷоҳо чанг андохта истодааст, аз зери нохуни дигарон чирк мекобад, ман ин корро ҳамин хел намемонам, худи ҳамин рӯз ба номи вазир гузориш менависам ва то ин касро аз милиса дафъ накунам, намемонам.
– Пеш аз он, ки дигаронро бо гуноҳе айбдор карданӣ шавед, аввал гиребони худро бибӯед. Дуюм ин, ки бо ин калаи холӣ аз дасти шумо коре ҳам намеояд. Сеюм агар ман бо хоҳиши худам аз милиса наравам, барои пеш карданам на шумо қудрат дореду на он тағои порагиратон. Чун шуморо дасту дилатон тоза нест, яъне ки курсии мансабатонро тариқи додани ришва нигоҳ доштаед, беҳтар мешуд, ки…
– Охирон бор шуморо огоҳ мекунам, ки суханатонро дониста гӯед, вагарна забонатонро аз ҳалқатон кашида мепартоям.
Шунидед рафиқон, бубинед генералро ҳам ба ришвагирӣ айбдор кард.
– Моро ба ин ҷо чун шоҳид даъват намудаед ё барои таҳлили кор? – риштаи суханро ба даст гирифта пурсид Наврӯз Умар.
– Барои таҳлили кор.
– Ман гумон мекунам, ки баръакс моро чун шоҳид даъват намудаед.
– Чиро дар назар доред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё