Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шумо бар он ақидаед, ки банда тамоми шунавандагони академияро ба бесаводӣ муттаҳам намудам? – пурсид Абдумаҷидов.
– Ҳа, суханони шуморо ҳамагон шуниданд.
– Кадом суханамро?
– Аз калаи холии академикӣ дида фантазия беҳтар аст – ро шумо нагуфтед?
– Ман инро инкор ҳам намекунам.
– Шунидед рафиқон,– ба тарафи аҳли нишаст муроҷиат намуд Оташак.
– Калаи холии академикӣ ба академия чӣ дахл дорад? Бояд ба самъи шумо расонам, ки ҳатто гулзор ҳам бе хор нест ва академия ҳам аз шунавандагони бесавод орӣ набудагист ва инро мо дар таҷрибаи кори хеш борҳо мушоҳида намудаем. Дар хусуси бахшиш пурсидан бошад, ҳатто чунин ҳолатро ба гӯшаи хотир ҳам набиёред, чунки ман гуноҳе содир накардаам. Гуноҳам ҳамин, ки шаби дароз дар ҳавои сарди зимистон аз қафои кор давидам ва соате пештар хулосаи хешро дар ҳузури ҳамаи шумо гуфтам. Бадбахтии ҳамаи мо дар ин аст, ки корро монда ба маҷлисбозӣ овораем, ё чи хеле ки мегӯянд мурдаро монда тутхӯрӣ дорем…
– Маҷлисро ман даъват намудаам, муовини сардор оид ба корҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ ва дар ин бора ман аз шумо рафиқ Абдумаҷидов рухсат намепурсам, чунки давлат, мефаҳмед, давлат ҳамин курсиро ба ман бовар намудааст, на ба шумо ва шумо ҳуқуқи эътироз намудан ҳам надоред, ҳарчанд на як бору ду бор ба рӯйи ман чанг андохтаед.
– Ман гурба нестам, ки ба рӯйи шумо чанг андозам, вале намегузорам, шахсе, ки чун шумо саводи академикӣ «дорад»
ба ман кор ёд диҳад.
– Дидед, рафиқон боз ба академия часпид.
– Ман академияро не, шуморо дар назар дорам, вале мебинам, ки шумо фарқи хешро аз академия намебинед ва бо чунин дониши «бузург» боз ба мо кор нишон доданиед. Ҳайфи онҳое, ки ҳамин курсии мегуфтагиатонро ба шумо бовар намудаанд.

пешина
аз 515
навбатӣ