Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чун Оташак муовини сардор оид ба корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ буд, амри телефонии ӯро воҷиб донисту аз роҳ баргашт.
Лаҳзае пас ӯ рухсат пурсида, вориди дафтари кории Оташак шуд ва хост ба курсии охирон нашинад, вале се чор тан кормандони ҷавон, ки ҳар кадоме худро шогирдаш мехонданд аз ҷой бархоста, ҷойи хешро баҳри устод пешниҳод карданд.
Меҳрубониҳои шогирдон ӯро чанд курсӣ болотар ва ба қавле то Оташак наздиктар кард. Дар рӯ ба рӯйи ӯ сардори бахш Наврӯз Умар менишаст. Аз чӣ бошад, ки Умар нигоҳи хешро аз Абдумаҷидов гурезонида, дафтари кориашро варақгардон мекард.
Ниҳоят Оташак ба маҷлиси дуюми соати аввали рӯзи корӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи интизоми меҳнат субординатсия4 хело ҳарф зада, ниҳоят ба таҳлили маҷлиси соате пештар дар ҳузури сардори ШКД Воҳид Камол баргузоршуда пардохт…
– Мӯйсафед (Воҳид Камол дар назар аст) дар ҳақиқат нисбат ба ҳамаи мо нишастагон ҳукми падарӣ дорад, вале ин маънои онро надорад, ки бо фалсафаи бесару нӯги хеш мо ба чашми ӯ хок пошем. Соате пештар дар ҳузури сардори ШКД муҳтарам Абдумаҷидов чунон назаряҳое пешниҳод кард, ки ба ростӣ ман ҳамчун муовини сардор дар назди мӯйсафед шарм доштам. Чун сардор нияти ба боло (вазифаи баланд) рафтан дора два касеро малол кардан намехоҳад, банда ҳамчун муовинаш оид ба корҳои фаврӣ ҷустуҷӯйӣ ӯҳдадорам, ки корҳои ба анҷомдодаи ҳар як зердастро мавриди таҳлил қарор диҳам.
Шумо ҳама шоҳид будед, ки дар ҳамон ҷо банда бо Акбар Ҳакимович сари ҳамин масъала қариб даст ба гиребон шудам.
Абдумаҷидов бошад ба ҷойи исбот намудани далелҳои пешниҳод намудаи хеш, ки боз ҳам рӯирост мегӯям аз фантазия беш нестанд як маркази таълимиро, ки ба он номи Академияро ҷоиз донистанд гунаҳкор карданӣ шуд. Ба самъи шумо мерасонем, ки қариб ҳамаи генералҳои муҳтарам шунавандагони ҳамин махзани дониш буданд, ҳастанд ва мешаванд. Ҳаминаш кофист, ки Абдумаҷидов барои беҳурматиаш нисбати чунин як махзани дониш, ки банда низ шунавандаи факултаи сеюми онам дар ҳамин ҷо, дар назди шумо аз ман узр пурсад. Ман гуноҳи ӯро дар ҳолате мебахшам, ки дигар ҳаргиз ба номи неки академияи милиса ва шунавандагони он ҳарфи баде нагӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё