Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар ин лаънатиро ба ҷояш нашинонам ҳамин вазифа ба ман ҳаром,– аз дил гузаронид ӯ ва баробари вориди дафтари кориаш шудан тариқи телефони дохилӣ ба навбатдор супориш дод, ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳи фаврии тафтишотиро ба наздаш даъват намояд.
– Хуб шудааст, – гӯён навбатдор гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Оташак ба курсии мулоим такя намуда, тамоку даргиронд ва дар зери фаввораи дуд нақшаи ҳуҷумро бо Абдумаҷидов дар фикри худ рӯйи саҳна овард. Аз болои Абдумаҷидов ӯ на як бору ду бор ба тағояш арз намуда буд, вале ӯ баҳри дафъи ин майори саркаш чорае надид.
– Ин даъфа бо ҳама далелҳо ман Абдумаҷидовро гунаҳкор хоҳам кард, чунки ҳама нишастагон зердастони мананд ва дар лаҳзаи зарурӣ суханони бандаро бо таври хаттӣ тасдиқ хоҳанд кард.
Оташак афсӯс бар он хӯрд, ки диктофони оперативиро дирӯз бо талаби сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ба яке аз зердастони ба рухсатии хизматӣ мерафтагӣ дод, вагарна ҳолати ҷанҷоли имрӯзаи хешро сабти овоз мекард. – Оҳанро дар гармиаш куфтан лозим,– зери лаб ғунгос зад Оташак.
Баъди панҷ дақиқа ҳамаи аъзоёни гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ бо сарварии Наврӯз Умар вориди дафтари кори муовини сардори ШКД шуданд.
– Вай маҳмадоно канӣ?
– Кӣ?– чизеро нафаҳмида пурсид Наврӯз Умар.
– Абдумаҷидов!
– Он касро ман ба коре фиристодам.
– Маҷлис ба он кас дахл надорад?– шурида рафт Оташак ва гӯшаки телефони дохилиро бардошта ба навбатдор супориши нав дод.
Занги телефони Оташак ба замоне рост омад, ки Абдумаҷидов аз пеши қисми навбатдорӣ гузашта, аз бинои милиса берун шуд. Навбатдор гӯшакро ба ҷояш гузошта, ба берун давид ва паёми Оташакро ба самъи Акбар Ҳакимович расонид.
Ҳарчанд Абдумаҷидов тоқати маҷлисбозиро надошт, вале боре ҳам бар хилофи низомномаи идорааш набаромада буд.

пешина
аз 515
навбатӣ