Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ту бо замона бисоз, ки ҳаррӯза балост ва ҳамон оқипадарони мегуфтаи шумо бандаро ба сари курсии мансаб оварда буданд, ҳоло ҳам бошад бо шарофати собиқ дӯстон…
Бойтор – сохтмончӣ шуд, ҳамин хел?
– Сохтмончӣ не, таъминотчии сохтмонҳо…
– Аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад, боз мантиқ меҷӯӣ ҳол он, ки ҳамин чизи оддиро аз ёд баровардаӣ.
– Мо акнун ба роҳи капитализм гузаштагӣ. Замоне ба мо омӯхта буданд, ки капиталист манфиати хешро аз ҳама боло мегузорад. Имрӯз агар дар бозор бозичаи кӯдакона серхаридор бошад, ҳамонро мебарорад ва чун фардо яроқи қатли ом зарур шавад аз истеҳсоли он даст нахоҳад кашид… Ҳамаи гуфтаҳои Карл Маркс имрӯз ба як пули пучак намеарзад ё гапам нодуруст– мӣ?
– Не, дуруст ва ана натиҷааш, чун яке сар бардошт, дигаре ӯро саркӯб мекунад.
– Рақобати бозор ҳамин аст.
– Пас чӣ лозим мантиқро ҷустан?
– Ман мехоҳам фаҳмам, ки ба кадом мақсад Мухторро парронданд.
– Инро танҳо милиса муайян карда метавонад, милиса ва хоҳӣ ки аз худат домангир нашаванд роҳи Маскавро фаромӯш намову ба милиса рав.
– Не, агар ман ба Маскав ва аз он ҷо ба Новосибирск наравам шартномаҳои ман месӯзанд, бизнесам хоку туроб мешавад.
Ба тайёрае, ки бо рейси 631 бо сайрхати Душанбе Маскав парвоз мекунад ба қайдгирии мусофирон ва боғоҷи онҳо сар шуд…
… 6 …

– Аз калаи холии академикӣ дида фантазия беҳтар аст,– гуфтани Абдумаҷидов дар гӯши Масрур Мӯсо садо медод.

пешина
аз 515
навбатӣ