Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аспу зану шамшери вафодорро кӣ дид ба замми ин ӯ ҳанӯз кабутари озод аст ва назди худат ягон уҳдадорие надорад…
– Бовар намекунам. Субҳия худаш гуфт, ки то ба ман ҳам ёре доштааст, вале баъди воқеаи дар тарабхонаи Вахш рухдода чор тарафи қибларо ба ӯ нишон додааст. Не, Субҳия на аз он духтарҳоест, ки имрӯз бо якеву фардо бо дигаре дастобагардан бошад. Охир ӯ ашрофзода аст, ашрофзода…
– Ҳаромзода бувад фарзанди эшон.
– Бовар намекунам…
– Агар он ёри пештараи Субҳия бошад чӣ? Охир вай лаънатӣ дар тарабхона қариб қиёматро қоил карда буд ва хайрият Мухтору дӯстонаш, ки ҳамон бегоҳ шинос шуда буданд ӯро аз тарабхона бурун карданд. Дар ин ҷода Мухтор кори худро медонист. Солҳое, ки силоҳ ба даст гирифта Ватанро аз хатар эмин доштан хост, барабас нарафтанд… Ман ҳамон вақт ба Мухтор қоил шудам.
– Не, ин тарафи масъала ҳам ба мантиқ рост намеояд. Агар дар ҳақиқат он донишҷӯи пойлуч қасди ҷони банда намуда бошад ӯ бояд худаш ба шикори ман мебаромад. Пас кист оне, ки қасди ҷони ӯ намуд.
– Ист, рафту дар ҳақиқат ҳамон донишҷӯи пойлуч баҳри аз байн бардоштани ман киллерро даъват карда ва барои напардохтани ҳақи хизматиаш ӯро дар лаҳзаи муносиб ба поён тела дода бошад?
– Не, нашуд. Агар чунин мебуд, он донишҷӯи дар муҳаббат ноком дар ҳақиқат девона будааст. Охир ӯ бояд фаҳмад, ки касе сагро маҷбуран ба шикор намебарад агар барад ҳам аз он саг некиеро интизор шудан ғайри имкон…
– Боз нашуд, нидо омад аз қалбаш.
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Бо ҳама он илми ҳолу қол доштаат имшаб музтар менамоӣ?
– Илми ҳолу қолаш чӣ?
– Охир замоне, ки мудири идораи суғурта будӣ даҳҳо не, садҳо ҳайвоноти бечораро бо тӯҳмат ба зери тармаю сел мебурдӣ, ҳол он ки мӯйе аз сари он ҷонварон кам нашуда буд. Бо ҳамин роҳ виҷдону имонатро фурӯхта деги баъзе худозадаҳои оқипадарро соҳиби равған мекардӣ.

пешина
аз 515
навбатӣ