Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар касе қасд ба ҷони ҷиян ҳам мекард, на ба хотири оне, ки ӯро замоне силоҳ ба даст буд. Мухтор танҳо як илат дошт, гоҳ–гоҳ ба занҳои шавҳардор ҳам рози дил мекард. Шояд кам занҳое ёфт мешуданд, ки дар назди чунин ҷавони чорпаҳлӯ, ки Худованд ба ӯ чеҳраи зеборо низ дода буд, истодагарӣ намоянд. Ҳатто тағояш маҳбубаи хеш Субҳияро аз одатҳои бади ҷиян огоҳ карда буд ва рафту агар Субҳия аз муҳофиз боре ҳам шикоят мекард, тағо кафшҳои ҷиянашро ҳамоно пеши по мемонд…
Боз ин ҳодиса, ҳодисае ки на сар дораду на бар. Ҳатто тағо намедонад, ки қотил қасди ҷони ӯ намудааст, ё қасди ҷони он Дон Жуан.
Боҳир Қаюм ин даъфа ҳамаро аз нуқтаи назари мантиқ ба риштаи тасвир кашиданӣ шуд…
– Вақте ки ман омадам бибиамро паси оинаи тирезаи балкон дидам. Пурсидам, ки бибиҷон чаро ин ҷо истодаӣ?
Гуфт: – Роҳи туро мепоям.
Гуфтам: – Ана, ман омадам.
Гуфт: – Медонам, ки омадӣ, вале бо кадом нарх.
Пурсидам: – Чиро дар назар доред?
Гуфт: – Раву бубин.
Ман паси тирезаи балкон рафтам ва Мухтор–акоро рӯйи замини сард афтода дидаму аз бибиам пурсидам, ки чи гап аст?
Гуфт: – Ӯро парронданд.
Пурсидам: – Кӣ?
Гуфт: – Ҳамоне, ки ба ивази ҷони ӯ ҷони хеш аз даст дод…
ба ёд овард ӯ суханони Субҳияро ва дар асоси ҳамон суханон ё худ муколамаи телефонӣ ба мантиқ рӯ овард…
– Рафту агар касе қасди ҷони Мухтор Ҳайдар мекард, ҳаргиз ӯро дар рӯ ба рӯи хонаи Субҳия интизор намешуд.
– Рафту…
– Бо Субҳия?
– Дигар бо кӣ мешуд, – нидо омад аз вуҷудаш?
– Бовар намекунам.

пешина
аз 515
навбатӣ