Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар ин ҷода аз замона гила кардан нашояд…
– Марҳамат, ана фурудгоҳ,– гуфтани ронанда Боҳир Қаюмро аз байни андешаҳо, ки ду сохти ҷамъиятиро нияти ба ҳам пайвастан дошт, берун овард…
Боҳир Қаюм як бистсомонаро ба дасти ронанда дода, сумкаи сафариашро бо худ гирифта, фаромад.
– Шояд шуморо интизор шавам, – мусофири сахипешаро аз даст додан нахоста пурсид ронанда.
– Ташаккур, ҳарчи ҳам набошад, ман аз сафар гаштанӣ нестам.
– Ба шумо парвози хуш орзу мекунам.
– Ташаккур, – бори дигар минатдоргии хешро баён намуда, ба самти фурудгоҳ роҳ пеш гирифт мусофир.
Чун вориди толори фурудгоҳ гашт дунёро дар такопуи дид. Сӯзан партои ба замин намерасид. Ӯ ҳеҷ нафаҳмид, ки дар ин шаби сарди зимистон мардуми ба фурудгоҳ омада, ба пешвоз ва гусели пайвандони хеш омадаанд, ё ҳама нияти ҷилои Ватан доранд.
То оғози ба қайдгирии мусофирон ва бағоҷи онҳо ба рейси 631, бо хатсайри Душанбе – Домодедово зиёда аз ним соат вақт буд. Боҳир Қаюм ба ошёнаи дуюми бино баромада, ҷисми хешро болои курсии сахте партофт ва кулоҳи чарминашро болои чашмонаш фароварда чашмонашро пӯшид…
Боҳир Қаюм бо муҳофизаш Мухтор Ҳайдар қариб, ки як себи дукафон буд ва баъзан онҳоро дар рӯзи равшан аз ҳамдигар фарқ намудан душвор буд, дар шаби тор бошад…
Мухтор Ҳайдар яке аз хешовандони дури онҳо буд ва дар замони даргириҳои сиёсӣ чун мухолифи ҳукумати қонунӣ дастаи хурде ташкил намуда рӯи саҳна омад.
Ӯ тайи чандин сол аз ҳисоби яроқ нон хӯрд, вале озораш ба касе нарасид. Аз ин рӯ ҳатто аз болояш парвандаи ҷиноӣ оғоз накарданд. Чун аз савод орӣ буду ба органҳои маъмурӣ роҳ наёфт, таклифи тағояш Боҳир Қаюмро барои ҳамчун муҳофиз кор кардан пазируфт. Аслан ӯро муҳофиз гуфтан ҳам ҷоиз набуд, чунки на яроқ дошт ва на рухсати ҳукумат. Дар асл ӯ ёрдамчии тағояш буд, гоҳ ронандаву гоҳ хаткашон, вале баҳри баланд бардоштани рейтинги хеш Боҳир Қаюм ӯро чун муҳофиз арзёбӣ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё