Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Автомашина боз ба роҳ даромад…
Ҳар он чи ки Субҳия даҳ дақиқа пеш гуфт ба ақл рост намеомад. Ҳеҷ мумкин нест, ки касе қасд ба ҷони Мухтор Ҳайдар намуда бошад, охир ӯ бори аввал аст, ки Субҳияро гусел мекард. Модоме, ки қотил омадани сайдашро дар бинои нотамоми рӯ ба рӯйи хонаи Субҳия интизор будааст, пас ӯ ҳар як қадами сайдашро пурра ба зери назорат гирифта будааст. Аз ин бармеояд, ки қотил на Мухторро, балки маро интизор будааст.
Мавҷи хаёлоти мусофир бо боди серуни тариқӣ даричаи таксӣ ворид шуда, омехта шуд. Дар охири ҳукмронии Империяи Бузург Боҳир Қаюм қариб, ки пуф – пуфи одами хокӣ мегуфт. Давлат ба ӯ ҳифзи молу мулкашро бовар карда буд.
Албатта, шайтон ба одамизод ҳамроҳ гуфтагӣ барин дузду қаллоб ҳам роҳҳои бо мудири идораи суғурта наздикшавиро меҷӯстанд. Боҳир Қаюмро ҳамон солҳо нафс боло гирифту бо дузду қаллоб ҳамақида шуд ва ба чашми давлат хок пошидан гирифт.
Ҳамааш аз он сар шуд, ки дар яке аз хоҷагиҳои чорводорӣ дар асоси аризаи мусоҳиби хурде, ки аз кор ронда шуда буду баҳри кушодани чашми давлат иқрорномаи хешро ирсол намуда санҷиши фронталӣ сар шуд. Ҷабрдидаи ҷинояткор нишон дод, ки ҳамаи пасту баландиҳои хоҷагии онҳо бо касофатии мудири идораи суғурта Боҳир Қаюм сар задааст.
Сипас, аз натиҷаи санҷиши соҳавӣ, ки Вазорати хоҷагии қишлоқ сарпарасташ буд, ба прокуратура хабар доданд ва ҳомиёни қонун мӯйро аз хамир ҷудо карданд. Барои дидаю дониста ва бардурӯғ суғурта кардани даҳ сар асп, чордаҳ сар чорвои калони шохдор ва дусад сар гӯсфанди зоти маҳинпашм мудири идораи суғурта Боҳир Қаюмро дар қатори директори хоҷагӣ сармуҳосиб, муҳосиби аризанавис, сарбойтор ба курсии ҷиноятӣ кашиданд ва эшон таи даҳ солро дар паси панҷара пушти сар карданд. Чун аз он маҳфил бурун омад, бо кӯмаки ёру бародароне, ки дар рафти тафтишот ному насабашонро пинҳон дошт ба фаъолияти соҳибкорӣ пардохт. Акнун ӯ соҳибкори калон, шахси чор кас мешинохтагӣ. Доираи фаъолияташ бошад таъмини масолеҳи сохтмонӣ аз хориҷӣ кишвар. Аҷаб, замонае духтур, бойтор, сохтмончӣ. Замонаш мешуд маро аз як фарсах роҳ то ба назди сохтмон бозмедоштанд.

пешина
аз 515
навбатӣ