Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ боварам намеояд, ки касе қасди ҷони Мухтор Ҳайдар намуда бошад. Ба фикрам ӯ пашшаеро озор додагӣ нест. Исто, ки…
– Чӣ буд?
– Боҳир маро ҳамеша таъкид мекард, ки худро аз муҳофизаш ҳифз намоям… Ба кадом хотир, чаро?
…
Субҳ медамид, субҳи содиқ. Хона аз оғӯши зулмот оҳиста– оҳиста берун мешуд…
… 5 …

Боҳир Қаюм аз марги муҳофизаш Мухтор Ҳайдар дар ҳолате хабар гирифт, ки бо таксӣ кӯчаи Рӯдакиро убур мекард. То ба як хулосаи муайян омадани мусофир ронанда боз чанд кӯчаю пасткӯчаҳои дигарро низ гузашта, ҳарчанд аз лаҳзаи қабули занги телефон то ба хулосаи аниқ омадани мусофир, ки азми ба фурудгоҳ рафтан дошт, на беш аз се – чор дақиқа гузашта буд.
– Ҳамин ҷо нигоҳ доред, – хоҳиш намуд ӯ аз ронанда.
– Хуб шудааст,– гӯён ронанда пой ба тормоз бурд.
– Беҳтар мешуд, ки назди телефон – автомате меистодед.
– Боке нест, – гӯён ронанда дар самти муқобили яке аз телефон – автоматҳо автомашинаро нигоҳ дошт.
– Ман ҳозир, – гӯён Боҳир Қаюм аз таксӣ фаромада, ба самти муқобили роҳ гузашт ва аз телефон автомати сари кӯча ба милиса занг зад, сипас гӯшакро ба ҷояш монда, ба соати дастиаш нигарист, ақрабаки соат 2048 дақиқаро нишон медод…
Аз нав роҳро ба самти муқобил убур намуда ба назди таксӣ омад…
– Тенҷи –мӣ пурсид ронанда?
– Тенҷи куҷо?
– Чӣ, ягон ҳодисаи нохуш рӯй дод?
– Ба фикрам ҳамин хел аст, худам ҳам ҳеҷ чизро нафаҳмидам.
– Шояд шуморо ба ҳамон самти даркориатон барам?
– Сараввал ман бояд ба фурудгоҳ,– гӯён мусофир амри ҳаракат дод.

пешина
аз 515
навбатӣ