Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ёри кӣ? – Ёри Нозим.
– Нозим ҳаргиз чунин ангуштаринеро баҳри ман ҳадя карда наметавонист, – ба ангуштарини алмосдор нигариста гуфт ӯ мисли оне, ки бо касе дар ҳоли мусоҳиба бошад.
«Инаш рост, чунки бо меҳнати ҳалол харидани чунин ангушттарин ғайри имкон аст» - нидо омад аз қалбаш.
– Худоё кай рӯз мешуда бошад,– аз дил гузаронд ӯ, вале дар хонаи хобаш соат набуд ва барои соати девориро дидан ба даҳлез баромадан лозим меомад ва ӯ боз ҷисми хеш ба бистар гирифту шабчароғро хомӯш кард…
…Раву андеша намо…
– Андешаи чӣ?
– Гӯё, ки намедонӣ.
Субҳия дар оғӯши зулмот ҳам аз гирдоби андешаҳо худро раҳо карда натавонист. Марги муҳофиз ва боз марги оне, ки ба қавли бибӣ қасди ҷони Мухтор Ҳайдар намуда буд, як муаммои сарбастае буданд. Чаро оне ки қасди ҷони Мухтор Ҳайдар намуд, ӯро дар рӯ ба рӯи хонаи мо интизор шудааст. Охир ӯ аз куҷо медонист, ки Мухтор имшаб ба кӯчаи мо меояд. Рафту он кас Боҳирро интизор буд ва бо амри тақдир рафтани Маскав сабаб шуду ӯ наомад. Модоме, ки чунин аст, чаро Боҳир тариқи телефон бандаро огоҳ кард, ки ба зинҳор дар ин бора ба касе лаб во накунам. Марги қотил ҳам муаммост, ҳарчанд ман ба ин чандон боварӣ надорам. Бибиам гуфт, ки дар лаҳзаи охир ӯ маро паррондан мехост. О, туро ба ин корҳо касе маҷбур накард.
Чӣ лозим буд паси тиреза нишастану аз қафои мардум назорат кардан… Умраш боқӣ будааст вагарна… Рост гуфтанд, ки дузд гумони дуздӣ мекунаду ғар гумони ғарӣ ва бибии ман ҳам тайи солҳои сарвари ҳизб буданаш аз ин кӯчаҳо гузаштагӣ барин…
– Рафту ҳодисаи ба сари Мухтор Ҳайдар омада тасодуфан бошад чӣ?
– Хобатро ба об гӯй.
– Пас ӯро дидаву дониста парронданд?
– Албатта.
– Ба кадом мақсад?
– Аз куҷо донам.

пешина
аз 515
навбатӣ