Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳия ва ёри наваш бо кадом роҳ аз тарабхона баромаданд, Нозим нафаҳмид. Чун рӯзи дигираш ба донишгоҳ омад, Субҳияро дар аҳдшикани муттаҳам карданӣ шуд, бехабар аз он ки ашрофзодадухтар на аз он қабилаҳоест, ки гуноҳи хеш ба гардан бигирад. Нозим ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки ба Субҳия агар аз таппонча тир парони ҷавобашро аз туп мегирӣ…
– Эй Худозадаи муттаҳам модоме, ки бо одамон муросо карда наметавонӣ дафъ шав аз назарам, – гуфт Субҳия.
– Чӣ, бояд ман рафта дасти он лаънатиеро, ки туро қариб ба оғӯш гирифта буд бӯса мекардам, – паст наомада гуфт Нозим.
– Ту метавонистӣ чун одам муомила намоӣ, мебинам, ки ягон авлоду азҳобат аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштааст ва ман назди ту ӯҳдадор ҳам нестам, ки ба куҷо рафтанамро ба худат мувофиқа намоям.
– Маро метавонӣ фаромӯш намоӣ.
– Осуда бош ман на аз он духтароне ҳастам, ки аз қафои ҳар пойлуч давида гардам.
Чанд тан аз ҳамкурсон Нозимро кашола карда бурданд, вагарна Худо медонист он ҳама баҳсу мунозираҳо бо чӣ меанҷомид.
«Агар ҳамон вақт маро Нозим ҳамроҳи Боҳир намедид, ҳоло ҳам банда маҳбубааш будам ва ё шояд рӯзе ёраш мешудам. Дар он сурат ҳам маро лозим меомад, ки пинҳонӣ бо Боҳир вохӯрам ақалан ба хотири сармояаш.»
– Аҷаб ғурури ноҷойе доранд ин мардуми камбағал,– аз дил гузаронд Субҳия ва дасташро ба сӯйи шабчароғ бурда тугмачаеро зер кард. Хона аз ҳолати аввалааш бурун шуда, дар ҳолати нимторикӣ қарор гирифт. Аз чӣ бошад, ки зери лаб сурудеро замзама кард:

Бозии қисмат намешудӣ агар,
3 Балки ёраш мешудам …

пешина
аз 515
навбатӣ