Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соате пештар бибиаш ӯро сарзаниш намуд, ки чаро бо марди фарзанддор дил додааст. Кампир дар ҳақиқат ақлашро хӯрдааст, бехабар аз он, ки маро худаш ба чунин амал ҳидоят намуд…

Гар дар ҳама даҳр як сари нештар аст,
Дар пойи касе халад, ки дарвештар аст.

Магар суханони ҳамешагии ӯ набуданд, имшаб бошад бубин ҷомаро чаппа пӯшид, шояд ҳамаи инро сабаб дидани ҳамон воқеаҳои ҳузнангез бошад.
Шояд Мухтор Ҳайдар ҳам дарвеш буд ва хор ҷисми ӯ шикофт, тайи ду моҳ Боҳир маро меовард ва ҳама ҷо хомӯшу сокит буд. Бубин, як маротиба бечора Мухтор ба гусели ман омаду, ҷони хеш аз даст дод. Хуб шуд, ки ман Боҳирро аз ҳодисаи рухдода огоҳ намудам, вай маро бовар кунонд, ки кадоме қасди ҷони ӯ доштааст ва бо амри худованд ӯ имшаб азми сафари Маскав намуд.
Ниҳоят ӯ аз назди оина дур шуд ва пероҳани хеш аз тан бурун намуда, чароғро хомӯш карду ҷисми хешро ба бистар гирифт.
– Ҳеҷ чиз, акнун раву андеша намо,– боз ба ёд овард суханони бибиашро.
Дилаш фишурда шуд, гӯё болои бистари нарму мулоим не, болои хорзоре хуфта буд. Аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар тоб хӯрд ва боз баръакс, вале нашуд, ки нашуд. Хоб кайҳо чашмонашро тарк намуда буд. То субҳ хеле вақт буд ва ӯ дар гирдоби андешаҳо ғутта зад…
Ҳамааш гӯё дирӯзакак буд, вале аз он вохӯрӣ алакай ду моҳ сипарӣ гардид. Он рӯз бо Нозим (яке аз ҳамон ҷавонҳои сарлучу пойлуч) дар саҳни донишгоҳ гапаш гурехт. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки Нозим ӯро ба бевафоӣ гунаҳкор кард. Барои ин кор Нозим дар ҳақиқат асос ҳам дошт чунки ёрашро (Субҳия дар назар аст) шаби гузашта ногаҳон дар тарабхонаи «Вахш»
ҳамроҳи дигаре дид. Ӯ дар ҳамон ҷо баҳри маҳбубааш қиёмат ба по кардани шуд, вале чанд тан аз муҳофизони ёри нави Субҳия Қайсро аз тарабхона берун карданд ва вай ҳар қадар, ки кӯшиш ба харҷ дод муроде ҳосил нашуд.

пешина
аз 515
навбатӣ