Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Субҳия ин даъфа ба бибӣ ҳатто хоби хуш орзу накарда аз дар баромад. Чун вориди хонаи хобаш шуд, лаҳзае пеши оинаи барқад тавоққуф намуда, ба чеҳраи хеш назар кард. Қомати расову рухсори арғувони ӯ дили ҳар ҷавонмардро мешикофт.
Тайи ин ду – се соати охир чашмони мавзуни ӯ маҳзунтар ба назар расиданд. Ҳамин чизро Субҳия дар як нигоҳи хеш ба сӯйи оина дарк намуд ва дилаш фишурда гардид.
Ҳодисаи рухдода боиси андеша ҳам буд ва он чи бибӣ гуфт, ки раву андеша намо ин кашфиёте ҳам набуд. Сухани рост ҳамеша талх аст ва маҳз ҳамин суханони бибӣ чун тир қалби ӯро бишикофтанд. Қалберо, ки баҳри дигаре ошён дод ва лонаеро қариб, ки вайрон бисохт.
Бубин, чандин ҷавонон ба ӯ рози дил намуданд, вале ғурураш баландӣ кард. Охир ӯ куҷову он ҷавонони сарлучу пойлуч куҷо?
Бибиаш, ки ашрофзода аст, ҳамеша табақаи миёна ва пасти аҳолиро бад медид ва набераро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия мекард.
Рафту агар падари Субҳия аз табақаи ашрофзодагон мешуд, ҳаргиз аз модари ӯ ҷудо намегашт. Чун дар табораш нишонаи олиҳимматӣ набуд, бахти хешро пеши по зад…
Шиносоӣ бо Боҳир Қаюм яке аз дастовардҳои ду моҳи охири ҳаёти Субҳия буд. Таи ин ду моҳ Боҳир Қаюм ӯро дар ҳақиқат ба малика табдил дод.
Ӯ чизеро ба ёд оварда, ангуштаринеро аз қуттии махмалини дар сумкачаи чарминаш буда баровард ва чун он қуттичаи хурди сеҳрангез бикушод ҷилое ба чашмаш зад.
Қадри зар заргар бидонад.
Боҳир Қаюм ҳам қадри зари ёфтаи хеш донист ва ба ӯ ангуштарине тӯҳфа кард, ки нигинаш аз алмос буд. Ангуштарине, ки нархаш дар шароити кунунӣ на камтар аз даҳ ҳазор доллар аст.
Субҳия ангуштарини ҷилодорро аз қуттии махмалин бурун оварда, онро ба ангушташ андохт. Ҷилои нигини ангуштарин, ки бо нурҳои чароғи барқӣ омехта шуда ба оина мезад, ба қомати расову ҳусни зебояш нур зам мекард. Нуре, ки ҳатто маҳзуниро аз чашмони фаттонаш рабурда…
Не, ӯ ин даъфа дар интихоби ёр хатто накарда буд. То кунун ӯро ду– се нафар ҷавонони ба қавли худаш сарлучу почаканда ёр буданд ва чун Боҳир Қаюмро худи тақдир сари роҳи ӯ баровард, он ҳарсеро ба гӯшаи фаромӯшӣ дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё