Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Албатта.
– Хобатро ба об гӯй.
– Ман ба ӯ бовар мекунам.
– Оё андеша накардӣ ки чаро муҳофизро паррониданд.
– Не, чӣ буд?
– Ҳеҷ чиз, акнун раву андеша кун.
Ҳоло Субҳия дар хонаи шафат хоб буд. Шояд мағзи донакро ҳам чунин вазъ буд, кӣ медонад?
Пиразан сари асрори марги муҳофиз боз ба андеша рафт.
Чун автомашина дар рӯ ба рӯи бино истод андаке пас ронанда берун омад ва дари қафоро аз тарафи рост бикушод, то малика бурун ояд. Малика чун ҳар як духтари ашрофзода ҳатто ба тарафи гуселкунандааш нимнигоҳе ҳам накарда, ба тарафи бино ҳаракат намуд. Модоме, ки чунин аст байни ӯ ва ронанда ягон қиссае, ки боиси афсӯсу надомат гардад нест.
– Исто, исто, – зери лаб ғунгос зад кампир ва аз ҷой бархоста дар рушноии шабчароғ дар ҳоле, ки хона дар ҳолати нимрушноӣ қарор дошт, болои бистари хеш бо дасти росташ пешонаашро дошт.
– Рафту агар қотил қасди ҷони Боҳир карда бошад– чӣ?
– Ҳаминаш ба мантиқ наздиктар аст ва шояд Боҳир аз ин ҳодиса воқиф гашта, муҳофизашро бо ҳамроҳи Субҳия фиристодааст. Дар ҳодисаи мазкур агар касе ҳам даст дошта бошад, ба қасди ҷони Боҳир бархостааст ва муҳофиз тасодуфан қурбони найрангбозиҳои ӯ гашта, агар худи Боҳир ин саҳнаро тарҳрезӣ накарда бошад.
– Хоб аз чашмони пиразан кайҳо парида буд ва ниҳоят ӯ аз ҷой бархост, чароғ даргиронд. Дар ҳамин асно соати рӯйи мизӣ занг зад.
Зуҳро Шафиевна ба назди тиреза рафта онро кушод, шамоли сарде ба рӯяш зад. Субҳ медамид…
… 4 …
– Оё андеша накардӣ, ки чаро муҳофизро парронданд?
– Не, чӣ буд?
– Ҳеҷ чиз, акнун раву андеша намо…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё