Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар он чи ки имшаб набера гуфт дар мизони ақл рост намеомад, вале пиразанро роҳи дигаре набуд. Хуб буд ё бад, ин кишти худи вай буд ва ё чи хеле ки мегӯянд, гӯштро аз нохун ҷудо кардан ғайриимкон аст.
Зӯҳро Шафиевна замоне дусад ҳазор аҳолии ноҳияро сарварӣ карда тавонисту як фарзанди худро не. Дар замоне, ки мардони хушомадгӯю мансабталош ба хоки пояш бӯса мезаданд, духтараш Сулҳия қариб обрӯи ӯро резонида буд. Хайрият домод донишҷӯ буду то анҷоми донишгоҳ он меваи боргирифтаро қабул кард…
– Оча чӣ гуна, духтар намуна… – нидо омад аз қалбаш ва пиразан ин даъфа чун мор миёни курпа ҳалқа зад то арзи вуҷуди хеш нашнавад.
Пиразан дасту пойи хешро ёзонид ва паҳлӯ гашт. Аз тарси он ки мабодо он саворонро набинад, чашмонашро накушод, сари ҳодисаҳои чанд соат пештар рухдода ва суханони Субҳия андеша кард.
Субҳия бибиашро огоҳ намуд ин бори аввал нест, ки бо автомашинае, ки ӯ дидааст ба хона меояд.
– То ба имшаб ман малика будам, бибиҷон, малика.
– Акунун бева шудӣ, – паст наомада гуфт бибӣ.
– Хато мекунед бибиҷон.
– Чӣ хел хатто, о худат дидӣ, ки вайро паррониданд.
– Не, имшаб маро муҳофизи ӯ овард.
– Муҳофизи кӣ?
– Муҳофизи Боҳир.
– Чаро худаш не?
– Ӯ бо коре ба Маскав рафт.
– Кай?
– Ним соат пеш аз омадани ман.
– Ӯ чандсола аст ва чӣ кора?
– Чилу ду сола, соҳибкори калон.
– Ӯро магар зану фарзанд нест?
– Ҳаст, вале ӯ аз ҳамсараш ҷудо мешавад.
– Кӣ гуфт?
– Худаш.
– Ту бовар кардӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ