Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Даҳҳо фарсах дур дар сари қуллаҳои барфпӯш офтоб ба сайри заммин баромада буд. Рӯз шуд, рӯз…
... 3 …
Зӯҳро Шафиевна шаби дароз мижа таҳ накард. Мижа таҳ накард на ба он хотир, ки сину солаш то ба ҷойе расидаву дарди миёну пойҳояш вайро азоб медод. Рафту агар чунин буд, ин ҳанӯз ними кор буд, ними дигараш ин шикасти рӯҳи пиразан буд.
– Ба хотири ман, бибиҷон, ба хотири ман, – гуфтаҳои набера тамоми шаб дар гӯшаш садо доданду садо.
Дар умри ҳафтодупанҷсолаи хеш ӯ борҳо бо нобасомониҳои зиндагӣ даст ба гиребон шуд, вале ҳеҷ гоҳ худро чунин бой надода буд, ки имшаб дод. Рафту агар таноби умраш анҷом меёфт, чанд соат пеш оне, ки аз ошёнаи бинои нотамоми рӯ ба рӯяш ба поён «парвоз» кард тирро ба пешонааш ҷо мекард. Не, тақдири худованд, ки набудааст ин мурда бимонду он зинда бирафт.
Як соли охир бори аввал аст, ки ӯ намози хуфтанро дуруст хонда натавонист, чунки андешаҳои мағшуш дар вақти намоз ҳам ӯро домангир шуданд.
– Дар ҳақиқат руҳи ман хароб шудааст, вагарна чӣ тавр ман ба гапи набера, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯйи шир меояд, гӯш мекардам. Ман, зане, ки ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори мӯям коммунист буд, ман, зане, ки баъзе мардҳои безаҳра аз шунидани номам худро гум мекарданд, ман, зане, ки баъзе мардони хушомадгую мансабталош ба хоки поям бӯса мезаданд, ҳарчанд ин рафтори онҳо нафратамро бедор мекард, вале ба хотири аз даст надодани курсии хеш бо чунин афрод муросо мекардам…
Пиразан ин дафъа курпаро болотар кашид, то сари хешро аз андешаҳои ботил раҳо созад, вале ҳамааш баръакс шуд, аз бад бадтар шуд ва андешаҳои зиёде савори самандҳои хеш ӯро дар варта гирифтанд, ҳар кадоме аз он саворонро манфиати хеш ба майдон оварда буд ва онҳоро кай парвои собиқ ин коммунисти матин, ки пой бар лаби гӯр монда буд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё