Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ва сипас худашро ба поён партофтааст,– гуфт Оташак.
– Не, ӯро партофтанд.
– Кӣ ӯро партофт, чӣ хел?
– Инашро ман намедонам.
– Фантазияатон бад нест,– бо нимтабасуме гуфт Оташак.
– Аз каллаи холии академикӣ (бояд қайд кард, ки Масрури Мӯсо шунавандаи курси сеюми Академияи милиса буд ва зердастон гоҳ–гоҳ ӯро академик ҳам мегуфтанд) дида фантазия беҳтар аст, – гуфт Абдумаҷидов.
Оташак кинояи зердасташро фаҳмид ё не, вале хомӯширо алвотар донист.
– Шумо гуфтед, ки ҳарду нафаре ҷони хеш аз даст додаанд, шомили кадом як гурӯҳи криминалианд, оё баҳри асоснок кардани фикри хеш далеле доред? – пурсид сарвари ШКД.
– Не, ин танҳо фикри шахсии ман аст.
– Дар бораи соҳиби автомашинаи «Мерседес 600» чӣ фикр доред.
– То кунун ман дафтари аъмоли ӯро варқ назадам, вале гумон мекунам, ки ҳолномаи рангине дорад.
– Рангинашро чӣ хел фаҳмем?.
– Тёмная лошадка.
– Акнун фаҳмидем. Дар ҳоле ки шумо Акбар Ҳакимович бо гурӯҳатон тамоми шаб дар берун аз қафои ҷинояткорон даву тоз намудед, мо дар байни ана ҳамин чордевори бетонӣ (дафтари корӣ дар назар аст) нишаста тарафҳои техникии корро санҷида баромадем. Ронандаи автомашинаи «Мерседес 600»
Мухтор Ҳайдар муҳофизи Боҳир Қаюм аст.
Боҳир Қаюм се сол пеш аз маҳбас озод шуда, ба соҳибкорӣ даст задааст. Доираи фаъолияти ин соҳибкор материалҳои сохтмонист, яъне аз чӯбу тахта сар карда то меху тунука. Қариб ки панҷоҳ фоизи сохтмонҳои шаҳрро ӯ бо чӯбу тахта ва дигар масолеҳи бинокорӣ таъмин мекунад. Мухтор Ҳайдар бошад дасти росташ, ҳарчанд ӯ муҳофиз ҳам бошад. Афсӯс, ки шахсияти он бечораи гарданшикастаро то кунун муайян накардаем, – гӯён Воҳид Камол чароғи рӯимизиро ҳам хомӯш карда, ба назди тиреза рафта, пардаи тирезаро ба як тараф бурд.

пешина
аз 515
навбатӣ