Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Акнун биёед ба далелҳо рӯй оварем. Соати 2048 дақиқа навбатдори ШКД занги кадом як нафареро қабул кард. Соати 2110 дақиқа мо ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудем. Дар маҷмӯъ баъди бисту ду дақиқа. Агар хулосаи ташхисгари тиббӣ аниқ бошад ва банда ба дурустии хулосаи ташхисгари тиббӣ боварӣ дорам дар ихтиёри зангзананда аз ҳашт то сенздаҳ дақиқа вақт мемонад. Дар ин муддат зангзананда ҳатто имконияти аз ҷойи ҳодиса то ба кӯчаи Шоҳин рафтан надошт. Охир ӯро лозим буд, ки аз автомашина фаромада, набзи шахсӣ дар рӯи роҳ хобидаро санҷад, ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надоштанашро муайян созад, ба замми ин ӯ бояд аз маҳаллаи Коҳкашон ба самти роҳи калон мебаромад ва аз пурсиши сокинони бинои атрофи ҷойи ҳодиса мо муайян намудем, ки дар ҳамон муддат автомашинае ба сӯи роҳи калон набаромадааст, рафту автомашинае ба сӯи роҳи калон мебаромад, сокинони бинои ҳаштошёнае, ки дар рӯ ба рӯи бинои нуҳошёнаи нотамом зиндагӣ доранд, рушноии чароғи аз гардиши маҳалла тобхӯрдаро эҳсос мекарданд. Аз ҳамин лиҳоз пешниҳоди Нарвӯз Умарович боиси дастгирист.
– Боз чӣ?
– Ҳолати дигаре, ки боиси таҳлил шуда метавонад, ин ба ҳам пайвастани ҳарду ҳодисаест, ки дар боло зикрашон рафт.
Ман фикр мекунам, ки ҳам ронанда ва ҳам он нафаре, ки мо ӯро ба худкушӣ айбдор карданӣ ҳастем, шомили кадом як гурӯҳи криминалие мебошанд, ки вазифаи хешро ба итмом расонидаву ба қатл маҳкум шудаанд. Новобаста аз он ки мо дар ҷойи ҳодиса олоти ҷиноятро наёфтем, вале фосилаи марги он ду танро ки ба ақидаи ташхисгари тиббӣ аз як то панҷ дақиқаро ташкил медиҳад, наметавонем сарфи назар намоем. Чизи дигаре, ки боиси таваҷҷӯҳи банда гаштааст, ин рӯйи роҳ баромадани ронанда мебошад. Бояд гуфт, ки ронанда дар ҳамон асно ё ба гусели касе баромадааст ва ё омадани касеро интизор будааст. Аз рӯйи гирифтани зарби тир ташхисгари тиббӣ бар он ақида буд, ки ронанда аз қисми рости автомашина ба самти чапи он, яъне ба самти чамбараки автомашина гузаштани шудааст ва дар ҳамин лаҳза қотил, ки ӯро дар қабати сеюм ё чоруми бинои нотамом интизор будааст, тирро ба қафаси синааш ҷой намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё