Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз суоле ба миён меояд, ки бо хоҳиши кӣ? – Ана ҳамин тарафи масъала барои мо муаммост. Рафту агар мо ба ҳамин тарафи масъала рӯшанӣ андозем ҳисоб намоед, ки мо ними роҳро паймудем, ё ба таври дигар гӯем аз мо то ба қотил ду қадам роҳ.
– Шахси зангзананда мард будааст ё зан? – пурсид Масрур Мӯсо, ки шояд худро аз ҳама бештар дар ҳодисаи мазкур масъултар меҳисобад.
– Мард ва номашро Ҳикмат Давлат гуфтааст.
– Пас чаро ӯро ёфта суҳбат накунем?
– Чунки ӯ агар дар ҷойи ҳодиса мебуд дигар гап, ба замми ин кадом одами солимақл аз ҷойи ҳодиса ҳашт километр дуртар рафта баъд занг мезанад?
– Ҳамин масъаларо ҳам дурустар санҷида бароед, – гуфт Воҳид Камол.
– Хуб шудааст.
– Боз чӣ?
…
– Акбар Ҳакимович фикри Шумо чӣ? – пурсид сардори
ШКД.
– Чун мо то кунун аз ин тарафи масъала огоҳ набудем, пешниҳоде намуда наметавонем, вале метавон гуфт, ки маҳаллаи Каҳкашон, ки дар даромадгоҳи кӯчаи Сулҳ воқеъ аст, новобаста аз он ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, хусусиятҳои хоси хешро дорост.
– Чӣ хел хусусиятҳои хос, инро чӣ хел фаҳмидан мумкин? – пурсид Оташак.
– Ҷойи пинҳон карданаш нест, вале маҳаллаи Каҳкашон аз замони собиқ СССР маҳаллаи ашрофнишин буд. Ашрофзодагон бошанд кам пиёда мегарданд ва агар рафту дар муддати баъди содиршавӣ ҷиноят автомашинае ҳам аз самти роҳи калон ба тарафи маҳаллаи мазкур гузашта бошад имконияти дидани ҳодисаи мазкурро надоштааст. Ҳодисаи мазкурро танҳо дар ҳолате дидан мумкин буд, ки аз тарафи маҳалла ба самти роҳи калон ҳаракат намоед. Вақте ки мо ба ҷойи ҳодиса омадем, ташхисгари тиббӣ набзи шахси дар рӯи роҳ афтидаро санҷида гуфт, ки маҳрум на беш аз сӣ сивупанҷ дақиқа пеш ҷон додааст.

пешина
аз 515
навбатӣ