Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту агар ҳодисаи мазкур, ки шумо ду танро бо ҳам пайвастан мехоҳед кушода нашавад чӣ?
– Он чун бори гарон дар гардани мо боқӣ мемонад ва шумо инро нағз медонед.
– Ҳа, медонам ва ҳоло ки дер нашудааст мепурсам сари ҳамин масъала андеша намоед.
– Масрур Мусоевич беҳтар мешуд, ки ақидаҳои хешро то ба як маҷрои муайян даромадани тафтишот бо худ нигоҳ медоштед, – хоҳиш кард Воҳид Камол.
…
– Рафиқон, албатта, ҳодисаи шаби гузашта ба вуқуъ пайваста, ҳодисаи одӣ нест ва ҳамагон шоҳид хоҳед шуд, ки бо фарорасии рӯз, яъне соате пас чӣ шуру валвалае бархезад, вале мо ҳуқуқ надорем ба эҳсосот роҳ диҳем. Эҳсосот бошад ҳамеша ба роҳи хатто мебарад. Ҳар чи ҳам бошад, кори шаб хандаи рӯз гуфтанд. Рафту рӯзи нав ба рӯйи мо хандад. Аз ин рӯ хоҳиш мекунам, ки танҳо аз ҳамин нуқтаи назар фикру ақидаатонро баён созед, – тарафайнро ба мувофиқа овардани шуда гуфт Воҳид Камол.
– Мумкин ман фикри хешро баён намоям, – пурсид сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврӯз Умар.
– Марҳамат.
– Чӣ хеле ки шумо огоҳед, шаби гузашта соати 2048 дақиқа тариқи телефони 02 аз ҳодисаи дар кӯчаи Сулҳ рухдода мо огоҳӣ ёфтем.
Соати 2110 дақиқа гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ алакай дар ҷойи ҳодиса буд. Мо шахсияти зангзанандаро ба милиса муайян карда натавонистем. Шояд муайян намудани шахсияти зангзананда чандон муҳим ҳам набошад, вале дар ҳодисаи мазкур мо наметавонем аз паси панҷа нигоҳ намоем. Дар ин ҷода мо кӯшиш ҳам ба харҷ додем ва муайян намудем, ки ба милиса на аз кӯчаҳои гирду атроф, балки аз телефон – автоматӣ кӯчаи Шоҳин ки аз ҷойи ҳодиса ҳашт километр дуртар аст занг задаанд. Чаро?
– Банда бар он ақидаам, ки шахси зангзананда дар ҷойи ҳодиса набудааст, вале бо хоҳиши касе…

пешина
аз 515
навбатӣ