Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба ҷуз он чи ки шаби гузашта, ҳангоми азназаргузаронӣ ба даст овардем, дигар ягон риштае нест.
– Яъне ки бо дасти холӣ баргаштед?
– Бо дасти холӣ.
– Ин хело бад аст.
– Медонам.
– То лаҳзаи ба ин ҷо ташриф овардани шумо мо сари баҳсе қарор доштем.
– Баҳси чӣ?
– Баҳси ба ҳам пайвастани ҳарду ҳодиса.
– Чӣ ҷойи баҳс, ҳарду ҳодиса ҳам донаҳои як шадаанд.
– Ин танҳо ақидаи худи шумост?
– Ҳа, ақидаи шахсии ман.
– Баҳри пайвастани онҳо чӣ далеле оварда метавонед?
– Ба ҷуз хулосаи ташхисгари тиббӣ – судӣ дигар ҳеҷ чиз.
– То кунун мо хулосаи тиббӣ – судиро нагирифтем– ку, овоз рӯшан кард муовини сардор оид ба корҳои оперативӣ Масрури Мусо, ки бо тахалуси Оташак дар байни ҳайати шахсӣ ном бароварда буд.
– Барои ин басанда аст, хулосаи пешакии ташхисгари тиббӣ, ки фосилаи марги ҳарду танро аз як то панҷ дақиқа баён намуд ва шумо ҳам дар ҳамон лаҳза бо мо будеду хулосаи духтурро шунидед.
– То ҳуҷҷати расмӣ набошад ман ба гапи ҳавоӣ бовар намекунам.
– Набошад он нафаре, ки паҳлӯи бинои нӯҳошёнаи нотамом бо гардани шикаста мехобид худкушӣ намудааст, – пурсид Абдумаҷидов дар навбати хеш.
– Чун мо дар гирду атроф олоти ҷиноятро наёфтем, наметавонем марги ронандаи «Мерседес» – ро ба гардани вай бор кунем, – хулосаи хеш бигуфт Оташак.
– Мо ба гардани ӯ ягон чизро бор карданӣ нестем, чунки ӯ алакай ҷазо аз Офаридгор бигирифт, вале мо ӯҳдадорем ҳақиқатро собит созем.
– Ҳақиқатро?! Бо кадом нарх,– ғунгос зад. Оташак.
– Чиро дар назар доред?

пешина
аз 515
навбатӣ