Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ва кормандони ин мақомот ба чунин тарзи кору зиндагӣ одат намуда буданд.
Шояд аз ҳамин лиҳоз бошад, ки баробари ба даҳлези бинои милиса дохил шудани аъзоёни гурӯҳи фаврӣ – ҷустуҷӯӣ, ки тамоми шаб ҷоий ҳодисаро дар радюси панҷсад метр аз ғалбел гузаронда буданд ва акнун мебоист, каме ҳам бошад истироҳат намоянд, навбатдор бе ягон истиҳола онҳоро ба назди сардори ШКД фиристод.
– Акбар Ҳакимович, шумо ва ҳамаи аъзоёни гурӯҳро полковник Воҳид Камол интизор,– гуфтани навбатдор чун путк ба гӯши ҳозирин бархӯрд, вале касе лом нагуфт ва ҳамагон, ки ҳамагӣ чор нафар буданд аз қафои Абдумаҷидов ба тарафи қабулгоҳи Воҳид Камол ҳаракат намуданд.
Дафтари кории полковники милиса Воҳид Камол дар ин субҳи солеҳони аввали моҳи январ штаби фронтро аз кинофилмҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ба ёд меовард…
Дар ҳоле, ки ҳанӯз мардум дар хоб буданд, чанд тан афсарони баландрутбаи милиса сари мизи корӣ болои харитаи шаҳр, ки бо чароғи рӯимизӣ танҳо болои харитаро равшан мекарду худи дафтари корӣ дар оғӯши нимторикӣ қарор дошт, сари баҳсу мунозира гирд омада буданд.
Чун Абдумаҷидов ва ҳамроҳонаш вориди дафтари корӣ шуданд, ҳама он нафарони сари миз буда, лаҳзае ҳам бошад қомати хешро рост намуда, ба сӯи онҳо назар дӯхтанд. Ҳарчанд дар оғӯши нимторикӣ онҳо аз нигоҳи навомадагон чизеро пай бурда натавонистанд, аммо ҳар кадоме аз он мардони баландрутба донистан мехостанд, ки Абдумаҷидов ва гурӯҳи ӯ аз хатти фронт бо чӣ дастовезе баргаштаанд, бехабар аз он ки на ҳамеша кори разведка бомуваффақият анҷом меёбад.
Он чор тани навомада низ паҳлӯи ҳампешаҳои хеш, ки дар унвону вазифа нисбат ба худи онҳо болотар буданд, сари мизи корӣ, ки харитаи шаҳр чун дастархон густурда шуда буд, рост шуданд ва қомати худро каме ҳам бошад болои он харитаи тақдирсоз дуқат карданд.
– Хуш, корҳо чӣ хел? – ниҳоят хомӯширо вайрон карда пурсид сардори ШКД ба тарафи майори милиса Абдумаҷидов нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё